logo
ПАЛАТАИ ҲИСОБИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
logo

Facebook Twitter

Вид

Обычный вид
Черно-белый вид
Затемненный вид

Размер шрифта

15px

Гузаштан ба сомонои кабли
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
    Хабархои мухим
  • ПРЕЗИДЕНТ
    Вохӯриҳо Суханрониҳо Сафарҳои дохилӣ Сафарҳои хориҷӣ Фармонҳо Паёмҳо Барқияҳо Суҳбатҳои телефонӣ Аксҳо
  • ДАР БОРАИ МО
    Роҳбарият Сохтори Палатаи ҳисоб
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи ҳисоб Стратегия ва барномаҳо
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Созишномаҳои ҳамкорӣ ИНТОСАИ АСОСАИ ЭКОСАИ МОНМ давлатҳои ИДМ МОНМ давлатҳои СҲШ Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ Лоиҳаи таҳкими аудити беруна
  • МЕТОДОЛОГИЯ
  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
  • ҲИСОБОТ
  • БАХШИ ИТТИЛООТ
    Мақолаҳои таҳлили Терроризм ва экстремизм
  • ТАМОС
    ТАМОС БО МО Муроҷиати шаҳрвандон
  1. АСОСӢ
  2. Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб

Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб

15 октябри соли 2025 дар Палатаи ҳисоб ҷаласаи  навбатии ҳайати мушовара таҳти роҳбарии раис муҳтарам Каримзода Ҷамшед баргузор гардид, ки дар кори он 9 масъала мавридӣ таҳлилу баррасӣ,  қарор дода шуд.

          Дар оғози ҷаласа тибқи рӯзнома нахуст хулосаи ташхисию таҳлилии фосилавӣ ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 ва дурнамои нишондиҳандаи Буҷети давлатӣ барои солҳои 2027 - 2028” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

       Дар ҷараён таъкид гардид, ки маблағгузории самтҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии кишвар, хусусан бахшҳои афзалиятдошта, ки дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд, ҳадафи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, инчунин тадбирҳои дар барномаҳои миллӣ, консепсияҳо ва дигар барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии барои давраи миёнамуҳлат пешбинишуда ва нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта шудаанд ва нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои  2026- 2028 ҷиҳати  амалӣ намудани муҳимтарин ҳадафҳои кишвар, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин дар сатҳи тавсияшуда таъмин намудани устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ равона гардиданд.

       Ҳамчунин гузориши  сараудиторони Палатаи ҳисоб оид ба ворид намудани тағйирот  ба Нақшаи чорабиниҳои аудитории Раёсати аудити баҳодиҳии буҷетҳои маҳаллӣ ва Раёсати сармоягузорӣ қарз ва бонкҳои давлатии Палатаи ҳисоб шунида шуд.

        

Сипас дар ҷараёни кори ҷаласа натиҷаи чорабиниҳои аудитории як қисм аз сохторҳои Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Муассисаҳои давлатии таълимии “Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе”, “Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе”, “Литсейи касбии техникии махсуси шаҳри Душанбе”, “Литсейи касбии алоқаи шаҳри Душанбе”,  “Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе”, “Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода”,  “Литсейи касбии металлургии шаҳри Турсунзода”,  “Литсейи касбии техникии саноати нассоҷии шаҳри Душанбе”, “Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон” инчунин  Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони руҳии ноҳияи Восеъ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2023-2024 ва нимсолаи аввали соли 2025 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

          Ҳамзамон тибқи рӯзномаи маҷлис баромади сараудиторон вобаста ба хулоса оид ба натиҷаи аудити мутобиқат ва молиявии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи  “Маркази савдои Тоҷикистон” - и Дастгоҳи  иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бо дар назар доштани таклифу пешниҳодҳо қарори дахлдори  ҳайати мушовара дар бораи тасдиқ намудани хулосаҳо қабул гардид.

         Дар фарҷоми ҷаласаи мазкур,  раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Каримзода Ҷамшед ҷиҳати беҳтар намудани фаъолият, бобати  арзёбии шаффофи истифодабарии маблағҳои буҷетӣ ба масъулин дастуру супоришҳои  мушахас доданд.

 

    

Бахши иттилоот ва кор бо ВАО-и

 Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон


16.10.2025


...
...
...
...
...
...
...
...
...
...
ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   info@sai.tj
  • Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
  • Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона www.sai.tj иҷозат дода мешавад

logo

Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон -