logo
ПАЛАТАИ ҲИСОБИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
logo

Facebook Twitter

Вид

Обычный вид
Черно-белый вид
Затемненный вид

Размер шрифта

15px

Гузаштан ба сомонои кабли
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
    Хабархои мухим
  • ПРЕЗИДЕНТ
    Вохӯриҳо Суханрониҳо Сафарҳои дохилӣ Сафарҳои хориҷӣ Фармонҳо Паёмҳо Барқияҳо Суҳбатҳои телефонӣ Аксҳо
  • ДАР БОРАИ МО
    Роҳбарият Сохтори Палатаи ҳисоб
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи ҳисоб Стратегия ва барномаҳо
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Созишномаҳои ҳамкорӣ ИНТОСАИ АСОСАИ ЭКОСАИ МОНМ давлатҳои ИДМ МОНМ давлатҳои СҲШ Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ Лоиҳаи таҳкими аудити беруна
  • МЕТОДОЛОГИЯ
  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
  • ҲИСОБОТ
  • БАХШИ ИТТИЛООТ
    Мақолаҳои таҳлили Терроризм ва экстремизм
  • ТАМОС
    ТАМОС БО МО Муроҷиати шаҳрвандон
  1. АСОСӢ
  2. Ҷаласаи ҳайати мушовара

Ҷаласаи ҳайати мушовара

Санаи 30 июни соли равон ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб баргузор гардид, ки дар кори он яке аз масъалаи мубрам натиҷаи аудити самаранокии рафти иҷрои “Барномаи  ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2025” дар Вазорати энергетика ва захираҳои об дар давраи солҳои 2016 – 2024 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Қайд гардид, ки бо мақсади муайян кардан ва мусоидат ба татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи самараноки захираҳои об, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №791 “Дар бораи Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025” қабул карда шудааст.

Тибқи қарори мазкур Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати амали гардонидани Барнома масъул дониста шудаанд.

 Барои татбиқи ҳадафҳои ислоҳоти соҳаи об ва ҷорӣ намудани механизмҳои пешқадами институтсионалӣ ва ҳуқуқӣ оид ба идоракунии захираҳои об нақшаи чорабиниҳои Барнома барои солҳои 2016 - 2025 иборат аз 4 қисмат 35 банд тасдиқ карда шудааст.

 Тибқи қарори мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои Барнома аз рӯйи 35 банди чорабиниҳо маблағгузориҳо дар ҳаҷми 1,8 млрд. сомонӣ аз ҷумла, аз ҳисоби шарикони рушд 1,6 млрд сомонӣ ва буҷети ҷумҳуриявӣ 168,8 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Гарчанде то охири Барнома муҳлати кутоҳ боқӣ мондааст, аз 35 банд танҳо 12 тои он иҷро гардида, 23 банд дар муҳлати муайяншуда иҷро нашудааст, ки маҳсулнокӣ ва натиҷанокии Барномаро зери шубҳа қарор медиҳад.

  Зикр гардид, ки мақсади ислоҳоти мазкур банақшагирӣ, рушд ва идоракунии самаранокии соҳаи об дар асоси сиёсати оқилона ба манфиати рушди баланди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври одилона, баробар ва бе расонидани зарар ба суботи экологӣ мебошад.

  Бинобар ин пешниҳод гардид, ки аз натиҷаи аудити мазкур тибқи тартиби муқарраргардида ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот манзур карда шуда, бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои масъул мавриди баррасӣ қарор дода шавад. 


07.07.2025


...
...
...
...
...
...
...
...
...
...
ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   info@sai.tj
  • Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
  • Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона www.sai.tj иҷозат дода мешавад

logo

Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон -