Санаи 25 май дар боғи
зебоманзари бинои Палатаи ҳисоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол чорабинӣ
баргузор гардид, ки дар он Раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Каримзода Ҷамшед ва
ҷамъи кормандон иштирок намуданд.
Раиси Палатаи ҳисоб зимни
суханронӣ таъкид намуданд, ки варзиш, бахусус футбол, омили муҳими таҳкими
саломатӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва тақвияти дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ байни
мардум ба ҳисоб меравад.
Қайд намуданд, ки дар даврони
соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи хосаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш рушд ёфта, барои оммавигардонии футбол дар
сартосари кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Таъкид гардид, ки соли 2024
Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон
муҳтарам Рустами Эмомалӣ қатъномаи махсусро дар бораи Рӯзи ҷаҳонии футбол қабул
намуд, ки ин ташаббус, мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам
баланд бардошт.
Гуфта шуд, ки дар доираи ҳамаи
ин ташаббусҳои созанда дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ватани азизамон Тоҷикистон дар
доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
бунёду навсозии садҳо иншооти варзишӣ ба роҳ монда шудаанд, ки барои ҷалби
ҷавонон ба варзиш тадбирҳои зарурӣ боз ҳам амалӣ гардонида мешаванд.
Раиси Палатаи ҳисоб Каримзода
Ҷамшед иштирокдорон ва командаи махсуси футболбозони мақомоти олии аудити
кишварро, ки аз байни як гуруҳ ҷавонони болаёқату варзишпарвар интихоб
гардидаанд бо Рӯзи ҷаҳонии футбол табрик намуда барои иштирок дар Фестивали
футбол ва саҳм гузоштан дар рушди варзиш, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва
боло бурдани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ дастуру тавсияҳо доданд.
Бахши иттилоот ва кор бо ВАО - и Палатаи
ҳисоб