logo
ПАЛАТАИ ҲИСОБИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
logo

Facebook Twitter

Вид

Обычный вид
Черно-белый вид
Затемненный вид

Размер шрифта

15px
МУРОҶИАТИ ЭЛЕКТРОНИ

Гузаштан ба сомонои кабли
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
    Хабархои мухим
  • ПРЕЗИДЕНТ
    Вохӯриҳо Суханрониҳо Сафарҳои дохилӣ Сафарҳои хориҷӣ Фармонҳо Паёмҳо Барқияҳо Суҳбатҳои телефонӣ Аксҳо
  • ДАР БОРАИ МО
    Роҳбарият Сохтори Палатаи ҳисоб
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи ҳисоб Стратегия ва барномаҳо
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Созишномаҳои ҳамкорӣ ИНТОСАИ АСОСАИ ЭКОСАИ МОНМ давлатҳои ИДМ МОНМ давлатҳои СҲШ Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ Лоиҳаи таҳкими аудити беруна
  • МЕТОДОЛОГИЯ
  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
  • ҲИСОБОТ
  • БАХШИ ИТТИЛООТ
    Мақолаҳои таҳлили Терроризм ва экстремизм
  • Эълон ва озмунҳо
  • ТАМОС БО МО
  1. АСОСӢ
  2. 15 уми апрел роҳбарони мақомоти олии аудити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

15 уми апрел роҳбарони мақомоти олии аудити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Роҳбарони мақомоти олии аудити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд зимни шиносоӣ меҳмонон сароғоз аз гушаи таърихии Палатаи ҳисоб дидан намуда, аз фаъолият ва дастовардҳои он ва таъриху тамаддуни миллати сарбаланди тоҷик аз наздик шинос гардиданд.

Сипас мизи мудавар бо иштироки роҳбарияти Палатаи ҳисоб Ҷамшед Каримзода баргузор гардид, ки дар ҷараёни он иқтидорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги оби тозаи нушокӣ мебошад ва захираҳои об, ки дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти давлатҳо нақши муассир дорад ба тариқи рунамо ба роҳбарони мақомоти олии аудити 10 давлати аъзои Созмони ҳамкории Шанхаи муаррифӣ гардид.

Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи давлатҳои пешсафе мебошад, ки бо дарки масъулияти глобалӣ дар сатҳи байналмилалӣ чандин ташаббусҳои муҳими стратегӣ пешниҳод ва татбиқ намудааст.


Ёдовар мешавем, ки ин вохурӣ дар асоси ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба роҳи ҳал ва дарёфти усулҳои рафъи мушкилот вобаста ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид.Иштирокчиён иброз намуданд, ки ҳадафи асосии баргузор намудани аудити босифат ин беҳгардонии ҳаёти шаҳрвандон ва ҳимоя намудани захираҳои обӣ ва истифодаи самараноку мақсадноки он мебошад.

Бояд қайд намуд, ки ин вохурӣ барои табодули таҷриба тақвияти ҳамкориҳои байналмилалии Палатаи ҳисоб ва аудити якҷоя, инчунин, яке аз масъалаҳои муҳим – аудити захираҳои обӣ бахшида шуда, фурсати муносиб барои рафъ намудани мушкилот, тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба ба ҳисоб меравад, ки нақши мақоми аудит самти стратегӣ ва муҳим барои иқтисодиёт ва иҷтимоёти давлатҳо ба ҳисоб меравад.


Зеро ин соҳа на танҳо ба рушди иқтисод, балки ба беҳтар намудани шароити зиндагии мардум ва таъмини устувории рушди минтақа кумак мерасонад.

Ҳамчунин меҳмонон аз саҳни зебо, ҳамешасабзу баҳори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии  Тоҷикистон дидан намуда, дар намоиши фарҳангие, ки барои меҳмонон доир гардида буд ба онҳо аз ҷониби роҳбарияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷамшед Каримзода  китоби “Тоҷикон” бо забонҳои русӣ ва англисӣ тақдим гардид.

 Бахши иттилоот ва кор бо воситаҳои ВАО-и

Палатаи ҳисоб  Наҷмуддинзода Х

 

 


17.04.2025


...
...
...
...
...
...
...
...
...
...
ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   infoa@sai.tj
  • Сомонаи расмии Палатаи хисоби Чумхурии Точикистон
  • Истифодаи маълумотхои сомонаи расмии Палатаи хисоби Чумхурии
  • Точикистон бо нишон додани суроғаи сомона www.sai.tj иҷозат дода мешавад

logo

Сомонаи расмии Палатаи хисоби Чумхурии Точикистон -