12 марти соли 2025 вохурии раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Каримзода Ҷамшед
бо Сафири фавқулода
ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ҷаноби Валид ибни Абдураҳмон
Ар - Решайдон ва ҳайати ҳамроҳони ӯ оид ба
масъалаҳои вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои ниҳодҳои олии аудити ду кишвар Ҷумҳурии
Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, дар Палатаи ҳисоб,
доир гардид.
Раиси Палатаи ҳисоб Каримзода Ҷамшед
дар оғози вохурӣ аз иқдомҳое, ки дар таърихи муосири ду кишвар ба вуқӯъ пайвастааст,
ёдовар шуда қайд намуданд, ки дар заминаи ҳамкориҳои судманди ҷонибҳо дар такя ба усулҳои дӯстӣ, ҳусни таваҷҷӯҳ ва судмандии мутақобила ва бо
назардошти наздикии тамаддуниву фарҳангӣ ба рушду такомули муносибот ва ҳамкориҳои байни ҳамдигар шурӯъ намуда,
то имрӯз онҳоро пеш мебаранд.
Боиси қаноатмандист,
ки давоми ин солҳо ҳамкориҳои муфиди байни ду кишвар, пайваста рушд ёфта, имрӯзҳо фарогири ҷанбаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошанд.
Каримзода Ҷамшед
аз рушду тақвияти ҳамкориҳои Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Девони кулли муҳосиботи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оғозшуда,
изҳори қаноатмандӣ намуда таъкид доштанд,ки ҳамаи ин ҳамкориҳои судманд бо саъю талошҳои ду ҷониб ба даст омадаанд.
Боиси қаноатмандист,
ки давоми ин солҳо ҳамкориҳои муфиди байни ду кишвар, пайваста рушд ёфта, имрӯзҳо фарогири ҷанбаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошанд.
Раиси Палатаи ҳисоб иброз намуданд, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сатҳи ҳамкории судманди бо Девони кулли муҳосиботи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оғозшуда, ки бо саъю талошҳои ду ҷониб ба даст омадаанд, қаноатманд мебошад.
Таъкид карданд, ки Ҷаноби сафир,
Шумо шоҳид будед ҳангоми боздиди Ҳусом бин Абдулмуҳсин ал-Анқарӣ дар соли 2023
ба Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти
тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи аудити
давлатӣ байни ду ниҳоди олии аудит
ба имзо расонида шуд, ки баъди ба имзо шудани ин ҳуҷҷат заминаи ҳуқуқӣ ҷиҳати боз ҳам густариш
додани ҳамкории мутақобилан судманд миёни мақомот фароҳам омад ва
барои баланд бардоштани маҳорату тахассуси нерӯи кадрии мақомотҳои мо такони нав
бахшид.
Барои ҳар ду ҷониб ҳамкории
фарогиру созанда дар соҳаи аудит хеле муҳим мебошад, ки яке аз самтҳои афзалиятноки
ду кишвари шарики иқтисодӣ ба шумор меравад.
Дарвоқеъ, нақши Девони
кулли муҳосиботи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар рушду нумуи аудити давлатӣ басо муҳим аст.
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми назарраси
Девони кулли муҳосиботи Шоҳигарии Арабистони Саудиро дар самти рушд ва таҳкими низоми
аудити беруна дар миқёсӣ ҷаҳон назаррас арзёбӣ намуда, дар Анҷумани Созмони байналмилалии мақоми олии аудити
(ИНКОСАЙ) навбатӣ номзадии онро ҷиҳати ноил гардидан ба Номинатсияи ба номи Ёрга Кандутша ҷонибдорӣ менамояд.
Айни замон дар
доираи Ёддошти тафоҳум мо лоиҳаи баргузории курсҳои омӯзиширо таҳия намуда истодаем ва қарор аст дар ҳафтаи оянда
барои мувофиқа ба Девони кулли муҳосиботи
Арабистони Саудӣ ирсол намоем. Дар
ин хусус аллакай ҷонибҳо тавассути воҳидҳои сохтории самти байналмилалӣ мунтазам дар
тамос мебошанд.
Ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд
бо Девони кулли муҳосиботи Арабистони Саудӣ барои мо дар
меҳвари фаъолият қарор дошта,
Палатаи ҳисоб хостори густариши тавсеаи ҳамагуна ҳамкорӣ мебошад.
Ҷонибҳо таъкид
намуданд, ки мулоқот барои таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва тавсеаи
робитаҳои судманд барои тарафҳо саҳми бузург
мегузорад ва дар такя ба ин анъанаҳои нек минбаъд
низ рушд хоҳанд ёфт.
Бахши иттиллоот
ва кор бо ВАО-и Палатаи ҳисоб.