Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон
МИРЗОЗОДА АБДУҚАҲОР МАЛИК
Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Соли 1970 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик.
Солҳои 1988 -1990 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС хизмат кардааст.
Соли 1988 Техникуми омори шаҳри Ваҳдат ва соли 2002 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Соли 1988 дар вазифаи ҳисобчӣ ва назоратчии Бонки амонатгузории ИҶШС Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод фаъолият кардааст.
Солҳои 1990-1993 дар вазифаи иқтисодчии калони шуъбаи Бонки амонатгузории ИҶШС Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод кор кардааст.
Солҳои 1993-1994 дар вазифаи сариқтисодчии совхози “Кӯҳдоман”-и ноҳияи Файзобод кор намудааст.
Солҳои 1994-1999 дар вазифаи сармуҳосиби совхози “Кӯҳдоман”-и ноҳияи Файзобод кор кардааст.
Солҳои 1999- 2001 дар вазифаи назоратчӣ–тафтишотчии калони шуъбаи иҷроиши буҷети давлатии Сарраёсати назорату тафтишотии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.
Солҳои 2001-2007 мутахассиси Раёсати санҷиши субъектҳои хоҷагидории Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе адои вазифа намудааст.
Солҳои 2007-2010 дар вазифаи мутахассиси пешбари шуъбаи назорати буҷетҳои маҳалии вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурии Сарраёсати назорати давлатии молиявии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе кор намудааст.
Солҳои 2010-2014 дар вазифаи мутахассиси пешбари шуъбаи назорати сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.
Соли 2014 дар вазифаи иҷрокунандаи мансаби мутахассиси пешбари Раёсати назорати соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, коммуникатсия, мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Соли 2014 дар вазифаи сармутахассиси Раёсати назорати соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, коммуникатсия, мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2014-2019 дар вазифаи Сармутахассиси Раёсат оид ба масъалаҳои кишоварзӣ, саноат, субъектҳои истеҳсолӣ ва моликияти давлатии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2019-2020 дар вазифаи иҷрокунандаи мудири Раёсат оид ба масъалаҳои кишоварзӣ, саноат, субъектҳои истеҳсолӣ ва моликияти давлатии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Соли 2020 дар вазифаи сардори шӯъбаи назорати сифати аудити Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе кор кардааст.
Солҳои 2020-2021 дар вазифаи сардори Раёсат оид ба масъалаҳои кишоварзӣ, саноат, субъектҳои истеҳсолӣ ва моликияти давлатии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2021-2022 дар вазифаи сардори Раёсат оид ба масъалаҳои назорати бонкҳои давлатӣ, фаъолияти сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи марти соли 2022 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.
Забони русиро медонад.