Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон
Санаи таваллуд:
25 майи соли 1970, Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Миллат:
тоҷик.
Маълумот:
Соли 1994 Донишгоҳи
технологияи иттилоотии шаҳри Тошкентро бо ихтисоси муҳандис хатм
кардааст.
Соли 2004 Донишгоҳи
миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатӣ:
1986-1988
– Коргар дар хоҷагии давлатии «50-солагии Тоҷикистон», ноҳияи Темурмалик.
1988-1990
– Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ.
1990-1994
– Донишҷӯи Донишгоҳи технологияи иттилоотии шаҳри Тошкент.
1994-1995
– Мутахассиси шӯъбаи молияи Кумитаи иҷроияи маҳаллии ноҳияи Темурмалик.
1995-1996
– Мутахассиси дараҷаи 1-уми Раёсати назоратӣ-тафтишотии Вазорати кишоварзии
Ҷумҳурии Тоҷикистон.
1997-1998
– Назоратчӣ-тафтишотчии калони Раёсати назорати тафтишотии Вазорати молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон.
1999-2000
– Назоратчӣ-тафтишотчии Раёсати назорати тафтишотии идораи молияи шаҳри Хуҷанд.
2000-2001
– Назоратчӣ-тафтишотчии калони Раёсати молияи вилояти Суғд.
2001-2006
– Мутахассиси пешбар ва сармутахассиси Раёсати назорати давлатии молиявии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд.
2006-2007
– Сармутахассиси Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
вилояти Хатлон.
2007-2008
– Сардори шуъбаи Раёсати сиёсати буҷетӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти Вазорати молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Фаъолияти роҳбарӣ:
2008-2009
– Муовини директори Корхонаи махсуси давлатии ҷумҳуриявии «Тиллои Тоҷик».
2009-2015
– Муовини сардори Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии
Тоҷикистон.
Март – май 2015
– Сардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2015-2024
– Муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2024-2025
– Муовини раиси вилояти Хатлон.
23 январи 2025
– Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди таъини
Каримзода Ҷамшед Абдураҳмонро
ба вазифаи Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.
29 январи 2025
– Бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода
Ҷамшед Абдураҳмон Раиси
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Мукофотҳо ва унвонҳо:
Аълочии молия
– 2014.
Ордени шараф (дараҷаи 2)
– Фармони Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон аз 23 июли соли 2021, №213.
Мушовири давлатӣ (дараҷаи 1) – Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи
соли 2021, №232.
Забонҳо:
Тоҷикӣ (забони модарӣ).
Русӣ.
Англисӣ.