logo
ПАЛАТАИ ҲИСОБИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
logo

Facebook Twitter

Вид

Обычный вид
Черно-белый вид
Затемненный вид

Размер шрифта

15px

Гузаштан ба сомонои қабли
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
    Хабархои мухим
  • ПРЕЗИДЕНТ
    Вохӯриҳо Суханрониҳо Сафарҳои дохилӣ Сафарҳои хориҷӣ Фармонҳо Паёмҳо Барқияҳо Суҳбатҳои телефонӣ Аксҳо
  • ДАР БОРАИ МО
    Роҳбарият Сохтори Палатаи ҳисоб
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи ҳисоб Стратегия ва барномаҳо
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Созишномаҳои ҳамкорӣ ИНТОСАИ АСОСАИ ЭКОСАИ МОНМ давлатҳои ИДМ МОНМ давлатҳои СҲШ Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ Лоиҳаи таҳкими аудити беруна
  • МЕТОДОЛОГИЯ
  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
  • ҲИСОБОТ
  • БАХШИ ИТТИЛООТ
    Мақолаҳои таҳлили Терроризм ва экстремизм
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС
    ТАМОС БО МО Муроҷиати шаҳрвандон
  1. АСОСӢ

Иштирок дар тантанаҳои идона ба муносибати ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хоруғ

27.09.2026 19.07 шаҳри Хоруғ

27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

 Нахуст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманду сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғро ба ифтихори ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ - 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд.

Таъкид гардид, ки ин ҷашн на танҳо рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ, ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва вусъати бесобиқаи корҳои ободониву созандагӣ, балки муаррифии арзандаи Тоҷикистон ва мардуми соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни он дар арсаи байналмилалӣ гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мардуми бонангу номуси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ин раванди таърихӣ, яъне таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ва пояҳои давлатдории миллӣ саҳми шоиста гузоштанд.

Гуфта шуд, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду навсозии 1362 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. То имрӯз аз ҷониби аҳолӣ, соҳибкорон ва дигар шахсони саховатпеша 1545 иншооти таъиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст, ки аз нақшаи тасдиқшуда хеле зиёд аст.

Сарвари давлат ба мардуми ватандӯсту заҳматкаш ва шахсони саховатпешаву хайрхоҳи вилоят, аз ҷумла шаҳри Хоруғ барои саҳмгузорӣ дар ин кори муҳим миннатдории самимӣ изҳор намуданд.

Аз мардуми сарбаланди вилоят даъват карда шуд, ки бо кору пайкори нек Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба маркази бузурги табодули таҷрибаи сайёҳӣ дар минтақа табдил дода, бо риояи анъанаҳои неки фарҳангдӯстиву меҳмоннавозии тоҷикона онро ба ҷаҳониён ҳарчи бештар муаррифӣ намоянд.

Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми заҳматпешаи вилоят, аз ҷумла ҷавонони ватандӯст, минбаъд низ бо ҳисси баланди масъулият, ташаббусҳои созанда ва ифтихор аз давлатдории миллӣ барои ободонии диёри хеш ва таҳкими иқтидори Тоҷикистони азизамон талош хоҳанд кард.

Пас аз суханронии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи бошукуҳи консертӣ ба муносибати 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ баргузор гардид.

Устодони санъати тоҷик ва ҳунармандони вилоят бо иҷрои суруду рақсҳои дилнишин ба чорабинии тантанавӣ ҳусни бошукуҳе зам намуданд.

Дар барномаи фарҳангӣ аз эҷодиёти шоирони шинохтаи кишвар ва оҳангсозони маъруф дар васфи Модар-Ватан, Тоҷикистон, истиқлолу ваҳдат ва Пешвои миллат сурудҳои дилнишину хотирмон иҷро гардид.


28.09.2026


...
...
...
...
...
...
...
...
...
...
ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   info@sai.tj
  • Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
  • Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона www.sai.tj иҷозат дода мешавад

logo

Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон -