9 январи соли 2025 таҳти роҳбарии раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам
Чиллазода Қ. бо иштироки муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимзод Абдураҳмон
Достӣ натиҷаи фаъолияти Мақомоти олии аудити кишвар дар соли 2024 ва нақшаҳо
барои соли 2025 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Нахуст, раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Чиллазода Қарахон
фаъолияти мақомотро дар давраи ҳисоботӣ натиҷагирӣ намуданд.
Сипас, сараудиторон ва сардорони воҳидҳои сохторӣ оид ба
фаъолияти самту соҳаҳо ҳисоботи муфассал пешниҳод намуданд.
Ҳамчунин, муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Ҳалимзод А. Д. натиҷаи фаъолияти Мақоми олии аудити кишварро хуб
арзёбӣ намуда, ҷиҳати тақвияти фаъолияти минбаъда дастурҳои мушаххас ироа
намуд.
Дар фарҷом, раиси Палатаи ҳисоб кормандонро барои иҷрои содиқонаи
ваколатҳои худ ва ҷиҳати пурзур намудани интизоми иҷро ва дар амал татбиқ намудани
дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати арзёбии
самараноку мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, шаффофияти истифодаи воситаҳои давлатӣ ва
ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд.
Ҷаласаи мазкур дар фазои мусоид ва муколамаи созанда
баргузор гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Бахши иттилоот ва кор бо ВАО-и РТРС ва ҲБ