Истиқлолият бебаҳотарин сарват ва волотарин орзуи миллати тоҷик аст.

 

Имрӯзҳо дар сартосари Ватани азизамон тантанаҳои идонаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ танинандоз аст. Бахшида ба ин санаи муборак, рӯзи 6-уми сентябр дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати кормандон чорабинии идона доир гардид.
Пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавиро бо сухани ифтитоҳӣ Азими Заъфар Исмоил оғоз намуда, ҳозиринро бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун аз номи Раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Чиллазода Қарахон ба муносибати ин ҷашни пурифтихори миллӣ сидқан шодбош гуфта, ба онҳо зиндагии орому осоишта ва барору комёбиҳо таманно намуд.
Номбурда зимни суханронии худ зикр кард, ки Истиқлолият дастоварди пурарзиштарини мардуми бофарҳангу соҳибмаърифат ва тамаддунсозу сулҳхоҳи давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба ҳисоб меравад. Истиқлолияти давлатӣ натиҷаи талошу муборизаҳои фидокоронаи халқи бонангу номус ва шарафманди тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърихи тӯлонӣ мебошад.
Аз баракоти ин неъмати бебаҳо кишвари соҳибихтиёри мо пайгирона то ба зинаи давлатдории муосир расид ва имрӯзҳо бо қадамҳои устувор сӯйи марҳилаи тозаи инкишоф ва таҳкиму тақвияти аркони давлатдории мустақил, беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинонаш пеш меравад.
Натиҷаи сиёсати хирадмандона, фаъолияти пурсамар ва талошу заҳматҳои Ҳукумати Тоҷикистон, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар Ватани азизу маҳбубамон сулҳу субот, некӯаҳволӣ ва рӯзгори осоиштаи шаҳрвандон таъмин мебошад.
Ба шарофати сиёсати пешанамудаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли 28 соли соҳибистиқлолӣ дар мамлакат корҳои бунёдкориву созандагӣ равнақу ривоҷ ёфтанд.
Ҳамчунин, Аҳмадзода Ф.З. Сафарализода С. Раҳимзода Х.ва Қодирзода М. дар баромадхои худ аз таърихи бою рангини давлатдории тоҷикон, ба даст овардану посдории Истиқлолияти давлатӣ, марҳилаҳои тараққиёти Ватани азизамон, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ибрози андеша намуданд.
Гуфта шуд, ки яке аз рӯйдодҳои фараҳбахши даврони Истиқлолияти давлатӣ- ин ба истифода додани чархаи аввали Неругоҳи барқи обии “Роғун” аст. Дар ин маврид ташаббус ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллатро махсус зикр карда, гуфтанд, ки имсол дар рӯзи таҷлили ҷашни фархундаи Истиқлолият чархаи дуюми ин иншооти бузурги аср ба истифода дода мешавад. Ин саҳифаи заррин дар китоби таърихи давлатдории нави мо буда, барои пешрафти мамлакат ва таъмини истиқлолияти энергетикиямон заминаи мусоид мегузорад.
Дар фарҷоми чорабинӣ бо фармони Раиси Палатаи хисоб як қатор кормандон барои хизматҳои содиқонаву софдилона ва натиҷаҳои назарраси хизматӣ бо Ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.