Вохӯрии Ҳайати Палатаи ҳисоб бо муовини Аудитори генералии Раёсати аудитории генералии Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Абдул Ғафур Хон

Дар ҳошияи ҷаласаи 6-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ- техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки рӯзҳои 2-3 юми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, муовини Раиси Палатаи ҳисоб Азимӣ З.И. бо муовини Аудитори генералии Раёсати аудитории генералии Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Абдул Ғафур Хон дидору вохӯрии судманд анҷом расонид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дар доираи Ёддошти тафоҳуми байни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақоми олии аудити Ҷумҳурии Исломиии Покистон аз 19 июни соли 2018 ба имзо расида, рафти иҷроиши Нақшаи чорабиниҳоро дар соли 2019 муҳокима намуда, хостори вусъати ҳамкориҳои судманд гардиданд.
Вохурӣ дар фазои самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда ба анҷом расид.