Ба ифтихори 22-юмин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикстон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид

 

27-уми июни соли 1997 дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон яке аз санаҳои муборак ва тақдирсоз- рӯзи баҳамоиву оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст ва мардуми шарифи тоҷик ҳар сол фарорасии онро бо ифтихору шодӣ ва шукӯҳу ҷалоли хосса ҷашн мегирад.
Ба ифтихори 22-юмин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ, санаи 26 июн дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикстон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ҳамоишро муовини Раис Азимӣ З.И. ифтитоҳ намуда афзуд, ки воқеан, иттиҳоди миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳо ва саодати рӯзгори мардум аз он ибтидо мегирад.
Сипас, Тағойзода Д. сармутахассиси Палатаи ҳисоб дар мавзуӣ “Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ” маърӯ намуд. Ӯ қайд кард, мо бояд шукрона кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидаем ва ҳоло таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дунё меомӯзанд.
Зимни маърӯзаҳо изҳор гардид, ки Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт.
Бинобар ин, ваҳдати миллиро бешубҳа метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон маънидод кард ва маҳз ба ҳамин хотир, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ намоем.