Иштирок дар Форуми иқтисодии Остона

 

Ҳайати Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раис Чиллазода Қ. дар сатҳи ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ ва робитаҳои мутақобилан судманд рӯзҳои 16-17 майи соли равон ҷиҳати иштирок дар Форуми иқтисодии Остона ба шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон сафарбар гардиданд.
Дар чорабинии мазкур як зумра сиёсатмадорон ва иқтисоддонони сатҳи байналмилалӣ аз қабили Президенти нахустини Ҷумҳурии Қазоқистон, Пешво Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Арманистон Армен Саркисян, Сарвазири Ҷумҳурии Гурҷистон Мамуко Бахтадзе, Муовини сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Халқии Хитой Хан Чжен, Роҳбари Хазинаи байналмилалии асъор Кристин Лагард, Роҳбари Сбербанки Федератсия Россия Герман Греф, Раиси Шӯрои Директорони корпоратсияи Нокиа Рисло Сииласмао, ҷоизадори лаурети Нобели оид ба иқтисодиёт дар соли 2018 иқтисодчии Бонки ҷаҳонии солҳои 2016-2018 Пол Рамер иштирок ва суханронӣ намуданд.
Форуми 12-уми иқтисодии Остонаро дар мавзӯи рушди илҳомбахш, одамон, шаҳрҳо ва иқтисодиёт бо сухани ифтитоҳи Президенти нахустини Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳусни оғоз бахшид.
Дар доираи Форуми мазкур бо ибтикори Кумитаи хисоб оид ба назорат иҷроиши буҷети ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Қазоқистон дар мавзӯи “Нишондиҳандаҳои асосии миллӣ- воситаҳои рушди устувор” мизи мудаввар доир гардид, ки дар кори он Раиси Девони муҳосиботи кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Азар Одил, Аудитори генералии Ҷумҳурии Эстония Янар Холм, Муовини Раиси Суди олии аудити Туркия Закариё Туйсуз, Директори генералии маркази аудити ҳисоботи молиявии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Алҳамди Салим Алӣ, Муовини Раиси Кумитаи назорати давлати Ҷумҳурии Беларус Герасимов В.Н. намояндагони мақомоти олии аудити Ҷумҳурии Арманистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ширкат намуданд.
Мизи мудаввар таҳти раёсати Раиси Кумитаи хисоб оид ба назорат иҷроиши буҷети ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Қазоқистон Годунова Н. Н. баргузор гардид, ки дар ҷараёни он масъалаҳои мубрам дар соҳаи аудити давлатӣ дар робита бо нишондиҳандаҳои асосии миллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Қайд гардид, ки ҳамкориҳои фаъолу созанда вобаста ба нишондиҳандаҳои асосии миллӣ ба беҳтар кардани фаъолияти мақомоти олии аудит, тақвият бахшидани интизоми фискалии баҳрабардории буҷет ва ниҳоятан баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
Мизи мудаввар дар фазои озод ва муколамаи созанда табодули афкору таҷриба оид ба арзёбии нишондиҳандаҳои миллӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор баргузор гардид.