Ҷаласа дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат

 Зуҳри 13 майи соли равон бо мақсади омӯзиши матни суханронӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо 10 майи соли 2019 баён доштанд, ҷаласаи васеи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур Раис, муовини Раис, Сараудиторон ва кулли кормандони Палатаи ҳисоб иштирок намуданд.
Чорабинии мазкурро Қарахон Чиллазода, Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла қайд намуд, ки як қатор эродҳое, ки Сарвари давлат зимни мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои кишвар таъкид намуданд, ба фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дахл доранд.
Мақсад аз ҷамъомади имрӯзаи мо ин дарки масъулияти зиёд аз ҷониби ҳар як хизматчии давлатӣ, аз роҳбар то корманди зинаи аввалияи барои иҷрои софдилонаи ӯҳдадориҳои вазифавии худ, таъмини низоми босубот, одоби муошират, танзими фаъолияти боадолат, ахлоқи ҳамида ва ҷавобгӯи талаботҳои қонунгузории амалкунанда мебошад,-афзуд ӯ.
Дар фарҷоми ҷаласа Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Чиллазода Қ. иброз намуд, ки ҳар як шахси масъули соҳа ҷиҳати иҷрои ин дастуру супоришҳои Сарвари давлат бояд омода бошад, зеро натиҷаи меҳнат ва маҳсули кори мо ин назорати истифодаи маблағҳои буҷет аст.
Ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ба масъулин аз ҷониби Раис супоришҳои мушаххас дода шуд.