Ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Имрӯз дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовара «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти мақомот дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ва вазифаҳои минбаъда то охири соли 2019» бо иштироки кулли кормандон баргузор гардид. Маҷлиси мушовараро Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Чиллазода Қ. ифтитоҳ намуд.
Зимни суханронӣ Чиллазода Қ. қайд намуданд, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи нақшаи корӣ, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, инчунин қарору муроҷиатҳои асосноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар семоҳаи аввали соли 2019 дар вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 88 санҷиши аудиторӣ гузаронида, зарари молиявиро ба маблағи 25,5 млн. сомонӣ муайян намуд.
Сипас, дар давоми ҷаласа ҳисоботи Сараудиторон ва сардорони Раёсатҳо шунида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Палата ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд. Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои гуногуни пешбурди соҳаи аудит ва риояи методологияи амалкунанда баррасӣ гардиданд.
Дар робита ба фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.