Мулоқоти судманд бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ

 

Санаи 2 апрели соли 2019 Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Чиллазода Қ. ҳайати Бонки ҷаҳониро таҳти роҳбарии мутахассис оид ба бахши давлатӣ, ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи намояндаи доимии Намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан Алиев, мутахассисон аз Бонки ҷаҳонӣ Васике Мозес, Мей Олалиа, Бонни Сироес, Ваятт Грант ва намояндагон аз Департаменти молиявии рушди байналмилалии Британияи Кабир ба ҳузур пазируфт.
Бояд зикр кард, ки Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баррасии ҳолати амалишавии Лоиҳаи дуюми мукаммагардони идоракунии молияи давлатӣ қисмати “Тақвияти аудити беруна” дар Палатаи ҳисоб ташриф овардааст.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва сохтори нави Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Стратегияи рушди Палатаи ҳисоб барои солҳои 2019-2023-ро муҳокима намуданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо инчунин оид ба як қатор масъалаҳои марбут ба харидории таҷҳизотҳои техникӣ ва барномаҳои компютерӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди корҳои зиёди анҷомдодашуда дар татбиқи лоиҳаи мазкур изҳори хушнудӣ намуд.
Дар ҷамъбасти мулоқот Муовини якуми Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимӣ З.И.барои ҳамкории доимии судманд изҳори сипос намуд.