Роҳандозии машғулиятҳои омӯзишӣ ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касбӣ

 

22 феврали соли 2019 дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимӣ З.И. рӯнамоии навбатӣ ҷиҳати баланд бардоштани малакаю маҳорати касбии кормандон бо истифода аз омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ доир гардид.
Дар ибтидо сармутахассиси Раёсати стандартҳо, таҳлил, рушд ва ҳамкориҳои байналмилалии Палатаи ҳисоб Тағойзода Д. С. дар мавзӯи “Амалигардонии стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва стандартҳои байналмилалии аудит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорон рӯнамоии худро манзур намуд.
Дар идома, сармутахассиси ҳамин Раёсат Мавлонзода В.Ҳ.. оид ба самтҳои гуногун ва мушкилоти амалигардони стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва стандартҳои байналмилалии аудит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ бо истифода аз омӯзиши таҷрибаи кишварҳои дигар дар самти мазкур маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Баъд аз мавриди муҳокима қарор додани рӯнамоиҳои мазкур, Муовини Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон З.Азимӣ таъкид бар он дошт, ки омили асосии инкишоф ва такомули бахши аудити давлатӣ аз баланд бардоштани маҳорати касбии кормандон вобастагии зиёд дорад.
Аз ин рӯ, пайваста ба роҳ мондани машғулиятҳои омӯзишӣ ва дарсҳои назариявӣ дар амал ба манфиати кор хоҳад буд.