Нишасти матбуотӣ дар Палатаи ҳисоб

 

Санаи 31 январи соли 2019, дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ доир гардид.
Дар оғози нишасти матбуотӣ аз ҷониби Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Чиллазода Қ. роҷеъ ба фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои санҷишҳои аудиторӣ дар соли 2018 маълумоти мухтасар манзур гардид.
Сипас, дар ҷараёни нишасти матбуотӣ аз ҷониби роҳбарияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суолҳои хабарнигорони воситаҳои ахбори омма вобаста ба истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷети давлатӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ҳаҷми зарари ошкоркардашуда дар вазорату идораҳо ва ҳолати барқарор намудани зарари молиявӣ, посух гардонида шуд.
Дар аснои нишасти матбуотӣ масоили мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла истифодабарии мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, самаранокии Барномаҳои давлатӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷамъбасти нишасти матбуотӣ Чиллазода Қ. ба рӯзноманигорон барои иштирокашон изҳори сипос намуда, ба намояндагони воситаҳои ахбори омма даъват ба ҳамкории наздик намуданд.
Нишасти матбуотӣ дар фазои самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда ба анҷом расид.