Ҷаласаи ҷамъбастии солонаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаи фаъолияти дар соли 2018

Дар оғози ҷаласа Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Чиллазода Қ. вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти Палата дар соли 2018 маърӯза намуданд.
Чиллазода Қ. иброз доштанд, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар соли 2018 дар асоси дастуру супоришҳои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» , «Дар бораи молияи давлатӣ», «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ» Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018» ва дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» ба роҳ мондааст.
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи нақшаи корӣ, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, инчунин қарору муроҷиатҳои асосноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар соли 2018 дар вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 338 санҷиши аудиторӣ гузаронида, зарари молиявиро ба маблағи 396,2 млн. сомонӣ муайян намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 224,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Сипас, дар давоми ҷаласа ҳисоботи Сараудиторон ва сардорони Раёсатҳо шунида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Палата ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд. Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои гуногуни пешбурди соҳаи аудит ва риояи методологияи амалкунанда баррасӣ гардиданд.
Дар робита ба фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019 қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.