БАРРАСИИ НУҚТАҲОИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

 

Санаи 9 январи соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Азимӣ З.И. - муовини Раиси Палатаи ҳисоб, сараудиторон, сардорони раёсатҳо, ва кулли кормандон ҷиҳати шарҳу баррасии нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 ҷаласаи васеи корӣ доир гардид.
Зимни сухани ифтитоҳӣ Азимӣ З.И. муовини Раиси Палатаи ҳисоб, қайд намуд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сокинони кишвар баёни воқеияти Тоҷикистон дар гузаштаву таҳлили авзои ҳозира ва маҷмӯи вазифа ва дастуру ҳидоятҳои созанда барои рушди босубот дар оянда буда, дар ҳоле ироа гардид, ки соли 2018 бо як қатор дастовардҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва рӯйдодҳои фараҳбахши худ дар саҳифаҳои таърихи навини Тоҷикистони азизамон бо ҳарфҳои заррин сабт шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2018 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ва аҳли ҷомеа нахуст вобаста ба дастовардҳои дохиливу хориҷӣ ибрози назар намуда, соли 2018-ро соли воқеан таърихӣ унвон намуданд. Зеро дар самти сиёсати хориҷӣ воқеан ҳам соли 2018 бо оғози расмии татбиқи ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти об, ба сатҳи шарикии стратегӣ боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, дар самти сиёсати дохилӣ — ба истифода дода шудани агрегати якуми НБО «Роғун», пурра татбиқ ёфтани ҳадафи дуюми стратегии кишвар, яъне пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани Тоҷикистон ва дигар дастовардҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба соли таърихӣ дар ҳаёти кишвар табдил ёфт.
Сипас, Сараудитори Палатаи ҳисоб Алиаҳмадиён Р., суханронӣ намуда, бахше аз нуктаҳои Паёми Пешвои миллатро шарҳу тавзеҳ доданд. Мавсуф зикр намуданд, ки ҳамасола таваҷҷуҳи мардуми Тоҷикистон ба Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маротиб меафзояд ва метавон Паёмро барномаи кору амал ва зиндагии тамоми мардуми Тоҷикистон номид.
Қайд карда шуд, ки Паём ин барномаи амал аст, агарчӣ дар он баъзе натиҷагириҳо нишон дода мешаванд, лекин мақсади асосии Паём муайян кардани роҳи рушди минбаъдаи ҷомеа барои солҳои оянда аст.
Дар ин росто, вазифаи мо аз он иборат аст, ки аз Паём вазифаи солонаи худро дарёфт ва онро ҳамчун масъулияти шаҳрвандӣ амалӣ намоем.
Сафарализода С., сармутахассиси Палатаи ҳисоб вобаста ба Паём изҳори назар карда, иброз дошт, ки Паёми ҳарсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми қонунгузории кишвар - Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рўйдодҳои муҳим маҳсуб ёфта, аз ҷониби коршиносон ҳамчун омили мусоидаткунандаи рушди ҷомеа эътироф шудааст. Зеро татбиқи нуқтаҳои ин ҳуҷати муҳим замина фароҳам меорад, ки пешрафти соњањо таъмин ва рўзгори мардум боз ҳам беҳбудӣ ёбад.
Ӯ зимни баромади хеш қайд намуд, ки яке аз масъалаҳои умдае, ки дар Паёми Пешвои миллат зикр гардид, ин мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа буд. Вобаста ба ин Пешвои миллат иброз доштанд, ки «мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем». Ҳамзамон нисбат ба ҷавонон бо қаноатмандӣ чунин иброз доштанд: «Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем».

Дар маҷмӯъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастури созандагию бунёдкорӣ ба кулли сокинони мамлакат маҳсуб ёфта, амалигардонии саривақтии нишондодҳои ин ҳуҷҷати барномавӣ ба рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат хоҳад намуд ва мо имрӯз вазифадорем, ки дар самти татбиқи бандҳои дахлдори он саҳми арзанда гузошта, аз ин роҳ масъулияти худро дар роҳи иҷрои барномаҳои муҳими давлатӣ таъмин кунем зикр намуд Азимӣ З.И. дар анҷоми ҷаласа.