Паём моро роҳнамост!

 

Кормандони Палатаи ҳисоб дар радифи кулли сокинони кишвар Паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро, ки 26-юми декабри соли равон тавассути садо ва симои мамлакат мустақиман пахш гардид самимона истиқбол намуда, бо мароқ тамошо карданд. Истеъмои дастаҷамъонаи Паём дар толори калони Палата роҳандозӣ гардид.
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди ҳалли масоили мубрами ҷаҳони имрӯз нақши созанда ва саҳми шоиста гузошта, ба афзудани обрӯ ва нуфузи кишвари соҳибистиқлоламон мусоидат менамояд.
Ҳозирин Паёмро ҳамчун дастури амал барои фаъолияти минбаъда қабул карда, нуктаҳои асосии онро барои худ қайд карданд.