Чорабинӣ бахшида ба «Рӯзи Президент» ва мавриди истифода қарор гирифтани агрегати аввали Нерӯгоҳи “Роғун”

 

Аҳли кормандони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузор намудани як чорабинии бошукӯҳ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи аввалин агрегати НБО-и Роғунро истиқбол намуданд.
Чорабинӣ бо нутқи ифтитоҳии муовини Раиси Палатаи ҳисоб Азимӣ З.И. дар васфи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ Ватану Тоҷикистон ва НБО-и Роғун оғоз гардид. Азимӣ З.И. зимни суханронии муқаддимавӣ, асоситарин дастоварди давлат ва мардуми Тоҷикистон зери роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талошҳои пайгиронаи ӯ, хомӯш кардани оташи ҷанг, наҷот додани давлат аз нобудӣ ва эминии миллат аз парокандагию бадбахтӣ ва дигар корҳои созандагӣ қайд намуда, ҳозиринро ба санаҳои таърихӣ, рӯйдоди фараҳбахш, ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати аввали Нерӯгоҳи барқии обии Роғун, табрику муборакбод намуданд.
Дар рафти ҳамоиш Раҳмонзода З.Б. –сардори Раёсати стандартҳо, таҳлил, рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар мавзӯи “Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳу ваҳдат” ва Мавлонзода В. – сармутахассиси раёсати мазкур дар мавзӯи “Аҳмияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини Тоҷикистон” маърӯза намуданд.
Аз ҷумла, зикр ёфт, ки Иҷлосияи 16 Шӯрои олӣ ва ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тақдири халқу миллат нақши ҳалкунанда гузоштаанд. Натиҷаи ин Иҷлосияи таърихӣ самти муросоро муайян ва роҳи наҷотро нишон дода, ба миллати тоҷик Пешвои миллат офарид. Маърӯзачиён фаъолияти ибратомӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил намуда, фидокорӣ ва хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар расидан ба сулҳи тоҷикон, мустаҳкамсозии пояҳои давлатдорӣ ва рушду тараққиёти Тоҷикистон таъкид доштанд. Самараи заҳматҳои бесобиқаи чеҳраи сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ Эмомалӣ Раҳмон дар баробари муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар ва болоравии иқтидорҳои иқтисодии он мебошад. Илова бар ин, саҳм гирифтан дар ҳалли проблемаҳои глобалии сайёра ва пешниҳодҳои ба нафъи башарият нигаронида шудаи Роҳбари Ҳукумати Тоҷикистон боиси сарфарозии ҳар як фарди сарзамин аст.
Дар интиҳо Азимӣ З.И., таъкид намуд, ки ба таҷлили Рӯзи Президент рост омадани воқеаи фарҳбахши мавриди истифода қарор додани агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» басо рамзист, зеро ин амр як навъ нишони қадрдонӣ аз талошу заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҳкими сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, раванди бунёдкориву созандагӣ ва зина ба зина боло бурдани сатҳи некӯаҳволии мардум ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.