Ҷаласаи васеи мушовараи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 22-юми октябри соли равон дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовара «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти мақомот дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ва вазифаҳои минбаъда то охири соли 2018» бо иштироки кулли кормандон баргузор гардид. Маҷлиси мушовараро Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Чиллазода Қ. ифтитоҳ намуд. Сипас, муовини Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимӣ З.И., доир ба натиҷаҳои 9 моҳи соли равон муфассал баромад кард.
Аз ҷумла, қайд карда шуд ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи нақшаи корӣ, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалҳ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, инчунин қарору муроҷиатҳои асосноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар нуҳ моҳи соли 2018 дар вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 220 санљиши аудиторӣ гузаронида, зарари молиявиро ба маблағи 364,8 млн. сомонӣ муайян намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 270,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Сипас, дар давоми ҷаласа ҳисоботи Сараудиторон ва сардорони Раёсатҳо шунида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Палата ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд. Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои гуногуни пешбурди соҳаи аудит ва риояи методологияи амалкунанда баррасӣ гардиданд.
Дар робита ба фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли равон ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.