Сафари кории ҳайати Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Британияи Кабир

 

Рӯзҳои 22-30 сентябри соли 2018 ҳайати Палатаи ҳисоб таҳти сарварии муовини Раис, роҳбари қисмати “Тақвияти аудити беруна” Азимӣ З.И. бо шумули сараудитор Файзализода Н. ва 6 нафар кормандони масъул бо мақсади татбиқи самараноки қисмати лоиҳа ва тақвияти аудит бо даъвати Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID) ба шаҳри Лондони Британияи Кабир сафари корӣ анҷом доданд.
Дар доираи барномаи сафар мулоқотҳои судманд бо намояндагони Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир ва Институти ҳисоби давлатии CIPFA гузаронида шуд.
Инчунин, ҳангоми сафари корӣ семинарҳо дар Коргоҳи миллии аудит, Палатаи обшин ва Вазорати молияи Британияи Кабир оид ба мавзуъҳои “Фаъолияти Парламент, сохтор ва функсияҳои он”, Назорати хароҷоти маблағҳои буҷетӣ дар соҳаи тандурустӣ, маориф ва нақлиёт, Дастурамал –мнетодология дар бораи таҳияи лоиҳаи буҷет ва баҳодиҳӣ ба ҳисоботи ҳукумат оиди иҷроиши буҷет” ба истилоҳи инглисӣ Green Book гузаронида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки сафари мазкур дар якҷоягӣ бо вакилони Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Барномаи дастгирии назорати парламентӣ оид ба идоракунии молияи давлатӣ ва шаффофияти буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҳисоби Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир маблағгузорӣ мегардад, амалӣ шудааст.