Ҳайати кории Палатаи Ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Палатаи ҳисоб Чиллазода Қ дар кори иҷлосияи XVIII-уми Шӯрои роҳбарони мақоми олии аудити давлатҳои аъзои ИДМ, ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, ширкат варзиданд

 

Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Чиллазода Қ. дар ҷаласаи XVIII-уми Шӯрои роҳбарони мақоми олии аудити давлатҳои аъзои ИДМ суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки технологияҳои иттилоотӣ, дигаргунсозии ҳамаҷонибаи рақамӣ ва тамоюлоти стратегии ҷаҳонӣ дар рушди иқтисодиёти аксарияти кишварҳо нақши муҳим мебозад. Мавсуф зимни маърӯзаи хеш перомуни татбиқи технологияи иттилоотӣ ҷиҳати беҳтар намудани самарабахшии идоракунии давлатӣ ва аҳамияти истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар бахши аудити давлатиро таъкид намуданд. Роҳбари ҳайати мақоми олии аудити Тоҷикистон қайд карданд, ки Палатаи ҳисоб дар ин самт корҳои ногузирро анҷом медиҳад.
Дар чорабинии мазкур роҳбарони мақоми олии аудити ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Молдова, Озорбойҷон, Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ширкат варзиданд.
Дар кори ҷаласа инчунин, вобаста ба фаъолияти кории Гурӯҳи экспертӣ оид ба Нишондиҳандаҳои асосии миллӣ ва Гурӯҳи корӣ оид ба тадбиқи стандартҳои аудити мақоми олии аудити давлатҳои аъзои ИДМ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз фаъолияти он натиҷагирӣ карда шуд.
Дар маҷмӯъ зимни вохӯрии XVIII-уми Шӯрои роҳбарони мақоми олии аудити давлатҳои аъзои ИДМ қарорҳои муҳим ҷиҳати тақвияти мақомот ва шароити муносиб барои ҳамкориҳои судманд қабул гардид.
Ҳамчунин, дар ҳошияи ҷаласаи XVIII-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти олии назорати молиявии давлатҳои аъзои ИДМ Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Чиллазода Қ. бо роҳбари Кумитаи давлатии назорати молиявии Ҷумҳурии Беларус Анфимов Л. ва Раиси Палатаи ҳисоби Федератсияи Россия Кудрин А. вохӯриҳои судманд анҷом доданд.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои роҳбарони мақоми олии аудити давлатҳои аъзои ИДМ аз соли 2000 ташкил шуда, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд ва таъмини табодули афкору таҷриба фаъолият менамояд.