МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ 27-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Санаи 7 сентябри соли 2018 дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 27-умин солгарди Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кулли кормандон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷамъомадро сараудитори Палатаи ҳисоб Кучакшозода А.Д. ифтитоҳ намуда, аҳли нишастро бо ин рўзи фархунда 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Истиқлолият сарманшаи ҷаҳони имрӯзаи миллати тоҷик аст, ки дар ниҳоди худ ҳадафҳои олии миллӣ, таърихӣ ва инсонии мардумро асолат бахшид. Имрӯз мардуми ин сарзамин дар талоши илму адаб, фарҳангу маърифат ва кору фаъолиятанд. Маҳз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти кишвар ба мо қуввату тавоноӣ бахшида, моро ба пешравиҳои бузург ноил гардонд, зикр намуд Кучакшозода А.Д.
Дар қисми дуюми маҷлиси тантанавӣ машғулияти омӯзишӣ таҳти унвони«Тарғиби ғояҳои истиқлолият, озодӣ, давлатдории миллӣ ва соҳибистиқлолии Тоҷикистон» доир гардид.

Дар иртибот ба ин, сармутахассиси Палатаи ҳисоб Тағойзода Дилафрӯз баромад намуда, зимни суханронӣ иброз дошт, ки 27 соли Истиқлолият давраи рушду камоли миллату давлат буда, дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамфикриро фурӯзон нигоҳ дошт ва умеду эътимодро ба фардои дурахшони Ватан дучанд намуд. Истиқлолият ба оғози марҳилаи нави рушди иқтисоди кишвар асос гузошт, нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои давлату миллатамон гардид. Ин маъниро Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба муносибати солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле возеҳ таъкид карда буданд: «Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик мебошад, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш менависад, яъне низоми давлатдорӣ ва сиёсати дохилию хориҷии худро мустақилона муайян менамояд».
Истиқлолият сарманшаи ҷаҳони имрӯзаи миллати тоҷик аст, ки дар ниҳоди худ ҳадафҳои олии миллӣ, таърихӣ ва инсонии мардумро асолат бахшид. Маҳз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти кишвар ба мо қуввату тавоноӣ бахшида, моро ба пешравиҳои бузург ноил гардонд.
Дар суханронӣ инчунин қайд гардид, ки Истиқлолият ва Ваҳдат аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки миллати сарбаланди тоҷик ҳамеша баҳри пойдорӣ ва бақои чунин неъматҳо кӯшиш ба харҷ додааст. Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар чунин раванди ҷаҳонишавии муносибатҳои ҷамъиятӣ, моро ҳарчи бештар зарурат пеш меояд, ки атрофи андешаҳои давлатсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирди ҳам омада, баҳри нигоҳдошти арзишҳои милливу давлатӣ кӯшиш ба харҷ диҳем.
Дар фарҷом Тағойзода Дилафрӯз. бори дигар ҳамаи кормандонро ба ифтихори ҷашни озодиву соҳибихтиёрии Ватани маҳбубамон самимона табрику таҳният гуфта,ба Тоҷикистони азиз сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллии ҷовидонӣ ва пешрафту ободии рӯзафзун орзу намуд.