Вохӯрии навбатии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Палатаи ҳисоб

 

Дар толори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатии сардори Раёсати 2 - юми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода ва муовини ҳамин Раёсат Назарзода Икром бо ҳайати шахсии мақомоти олии назорати молиявӣ баргузор гардид.
Ҷамъомадро муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Азимӣ З.И. ҳусни ифтитоҳ бахшида, вобаста ба иҷроиш ва рафти дар амал татбиқ намудани «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020» дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҳозирин суханронӣ намуд.
Муовини сардори Раёсати 2 - юми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарализода Икром оид ба рафти иҷроиши Нақша - чорабиниҳои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020», ки мутобиқи банди 4 – и Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 – юми августи соли 2013, таҳти №1504 муқаррар гардида буд, вобаста ба иҷроиши Стратегияи мазкур баромад намуд.
Сипас, сардори Раёсати 2 - юми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода доир ба бартараф намудани сабаб ва шароитҳои ба содир намудани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, моҳият ва ҳадафи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», хавфҳои коррупсия, роҳу усулҳои пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, дарки амиқи зарару оқибатҳои ногувори он, масъалаҳои иҷрои бечунучарои талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он шарҳ дода шуда, пешниҳод гардид, ки баҳри таъмини иҷрои саривақтии бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои он, пеш аз ҳама вазорату идораҳо ва шахсони воқеию ҳуқукӣ бештар талош варзида, корро дар ин самт боз ҳам ҷоннок намоянд.
Дар охири ҷамъомад масъулини Агентӣ ба саволҳои аз ҷониби иштирокчиёни вохӯрӣ пешниҳодгардида посухи мушаххас гардонида, қайд намуданд, ки баргузории ин гуна ҷамъомадҳоро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои муштарак байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақоми олии назорати молиявӣ барои пешгирӣ ва муборизаи беамон бо ин падидаи номатлуб заминаи мусоид фароҳам меоварад.