19 июли соли равон дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовара баргузор гардид, ки дар он фаъолияти Палатаи ҳисоб дар нимсолаи аввали соли 2018 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Чиллазода Қ. роҷеъ ба масъалаи мазкур маърӯза карда, дар оғоз иброз дошт, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Нақшаи кории Палатаи дар шаш моҳи сипаришуда як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд. 
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2018 дар вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ, марказу гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо 136 санҷиши аудиторӣ гузаронида зарари молиявиро ба маблағи 272,3 млн. сомонӣ муайян намуд.
Дар ин давра ба таъмини амнияти иқтисодӣ ва барқарор намудани зарарҳои молиявӣ диққати хоса дода шуда, 116,1 млн сомонӣ зарар барқарор карда шуд, ки он нисбати ҳамин давраи соли гузашта - 92 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Дар идомаи ҷаласа ҳисоботи муовини Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимӣ З.И., оиди фаъолияти нимсолаи аввали соли 2018 шунида шуд, ки зимни суханронӣ фаъолияти Палатаро дар ин давра қаноатбахш арзёбӣ кард. Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Чиллазода Қ.аз фаъолияти кормандон изҳори қаноатмандӣ кард ва ҳамзамон, бо ишора ба ислоҳи баъзе аз камбудиҳо изҳор дошт, ки моро зарур аст ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди рушди соҳаи аудити мустақили беруна ва назорати самаранок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ боз ҳам бештар талош варзем.
Дар робита ба фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.