Таъиноти кадрӣ дар Палатаи ҳисоб

 

Санаи  11 майи соли равон  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадрҳоеро, ки дар мақомоти Палатаи ҳисоб ба вазифаҳои масъулу сатҳи роҳбарӣ таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ба вазифаи Сараудитор таъин намудани Салимзода Собир ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.
Ҳамин тариқ,   Раҳмонзода Зафар Бобоҷон  ба вазифаи сардори Раёсати стандартҳо, таҳлил, рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, Зокирӣ Тоҷиддин Баҳриддин ба вазифаи сардори Раёсат оид ба масъалаҳои буҷети давлатӣ ва иҷроиши он ва Одиназода Маҳмадӣ Гул ба вазифаи сардори Раёсат оид ба масъалаҳои кишоварзӣ, саноат, субъектҳои истеҳсолӣ ва моликияти давлатӣ таъин гардиданд.
Пешвои миллат зимни сӯҳбат бо кадрҳое, ки аксарият ҷавону корозмудаанд, таъкид намуданд, ки пайваста омӯзанд, донишу маҳорати касбӣ ва малакаи роҳбарии худро сайқал диҳанд, ба иҷрои вазифа ва масъулияти ба зиммадоштаашон бо ҳисси баланди масъулият ва поквиҷдонона муносибат намоянд, сазовори эҳтироми мардум гардида, ба давлату миллат хизмати содиқона намоянд.