Пешниҳодот ва тавсияҳои Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи санҷиши аудитории баҳодиҳӣ ба ташаккул ва иҷрои қисми даромад ва хароҷоти буҷети шаҳри Турсунзода

 

Санаи 23 апрели соли 2018, вобаста ба натиҷаи санҷиши аудитории баҳодиҳӣ ба ташаккул ва иҷрои қисми даромад ва хароҷоти буҷети шаҳри Турсунзода дар давраи аз моҳи январи соли 2016 то моҳи феврали соли 2018, ки аз ҷониби мутахассисони Раёсат оид ба истифодаи маблағҳои буҷетӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Палатаи ҳисоб ба анҷом расонида шуда буд бо иштироки Раиси шаҳри Турсунзода ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳр муҳокимаронӣ доир гардид.
Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Самизода Муҳаммадалӣ Ризо пешниҳодот ва тавсияҳоро ба самъи иштироккунандагон расонида, диққати масъулилинро ба камбудию норасогиҳои дар рафти санҷиши аудиторӣ ошкоршуда, барқарор намудани товони зарари молиявӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ҷалб намуд.

Қайд гардид, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28 ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳр санҷиш гузаронида, зарари молиявиро ба маблағи умумии 1326, 5 млн.сомонӣ ошкор намуд.
Масъулини Раёсати молия ва Нозироти андози шаҳрро зарур аст, ки барои ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷети шаҳр тамоми манбаъҳои андозбандиро аз нав бозҳисобӣ намуда, барои пурра ва дуруст муайян намудани нақшаи даромади буҷет, ҷамъоварии қарзи андозҳо ва кам намудани бақияпулиҳои андоз чораҳои иловагӣ андешида, назорати саривақтии ба буҷет ворид гардидани андозу пардохтҳои ҳатмии давлатиро таъмин намоянд.

Ҳамчунин, ба Раёсати молияи шаҳр тавсия дода шуд, ки вобаста ба қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи молия корхонаву ташкилоти буҷетиро бо дастурамалҳо таъмин карда, вобаста ба тағйиру иловаҳо дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор ва баҳри баланд бардоштани савияи дониши муҳосибони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ семинар
машваратҳои омӯзишӣ ташкил намояд.

Ҳангоми муҳокимарониҳо, ки дар фазои самимият ва ҳусни тафоҳум доир гардид, оиди истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, риояи қатъии интизоми молиявию ҳисоботӣ дар ташкилоту муассисаҳои шаҳр мубодилаи афкор сурат гирифт.