Сафари омӯзишии ҳайати Палатаи ҳисоб ба Ҷумҳурии Қирғизистон

 

Рӯзҳои 15-21 апрели соли 2018 ҳайати кормандони Палатаи ҳисоб таҳти роҳбарии сараудитор Аҳмадзода Ф.З. ҷиҳати омӯзиш, аз худ намудани таҷриба ва баланд бардоштани савияи дониш ба Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Қирғизистон сафари омӯзишӣ анҷом доданд.
Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Қирғизистон Марипов Улукбек зимни пазироӣ нахуст, ташрифи ҳампешагони тоҷики худро ба Ҷумҳурии Қирғизистон шодбош гуфта, зикр намуд, ки мақоми олии аудити Ҷумҳурии Қирғизстон ҳама вақт омода ҳаст ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монад. Дар аснои суханронӣ мавсуф иброз дошт, ки боварӣ дорам, вохӯрии имрӯза барои ҳамкориҳои минбаъда дар самти рушди соҳа ва тақвияти касбии кормандони ду мақомот замина хощад гузошт.
Дар навбати худ Аҳмадзода Ф.З. нутқи ифтитоҳии худро аз расонидани паёми Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Чиллазода Қарахон ба ҳамтои қирғизи худ оғоз бахшида, миннатдории хешро ба ҷониби мизбон барои истиқболи гармашон баён намуд ва зимни суханронӣ пешниҳод кард, ки барои боз ҳам таҳким бахшидани равобит миёни ду мақомот Созишномаи ҳамкорӣ таҳия ва ба имзо расонида шавад.
Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Қирғизистон пешниҳоди ҷониби Тоҷикистонро бо қаноатмандӣ пазируфт ва роҳбарияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вохӯрии Шӯрои роҳбарони мақоми олии аудити давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ки моҳи июли соли равон дар Бишкек баргузор мегардад, даъват намуд.
Дар ҷараёни сафар аз рӯи барномаи сафари омӯзишӣ, ки аз ҷониби кормандони Палати ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кормандони масъули мақомоти олии аудити Ҷумҳурии Қирғизистон омода гардида буд, дар мавзӯъҳои зерин машғулиятҳо гузаронида шуд:
“Стратегияи рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Қирғизистон барои солҳои 2017-2021”, “Баҳодиҳии натиҷаҳои иҷроиши Барномаҳои давлатӣ”, “Баҳодиҳии натиҷаҳои иҷроиши босамар ва татбиқи Лоиҳаҳои сармоягузорӣ”, “Аудити бахши давлатӣ”, “Робитаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Қирғизистон бо дигар мақомотҳо дар самти аудити давлатӣ”, “Идоракунии манбаи инсонии Мақомоти олии аудит”, “Марҳалаҳои рушди методологияи аудит, аудити ҳисоботҳои молиявӣ, аудити мутобиқат ва самаранокӣ”, “Муайян намудани стандартҳои аввалиятдошта ва тартиби татбиқ ва амалигардонии он”, “Таҳлили самаранокии кори кормандон ҷиҳати муайян намудани самаранокии аудити гузаронидашуда”, “Назорат аз болои иҷроиши тавсияҳои аудит ва тартиби пур намудани маълумотнома аз натиҷаи санҷишҳои аудиторӣ”, “Аудити мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва худидоракунӣ” ва “Гардиши электронии ҳуҷҷатҳо”
Инчунин, ҳайати Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зерсохторҳои минтақавии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилоятҳои Чуйю Талас ва вилоятҳои Иссикулу Норин дидан намуда, вохӯриҳои судманд ба анҷом расонид.
Ҳадаф аз сафари мазкур, омӯхтани таҷрибаи Мақоми олии аудити Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад, ки таърихи 20 сола дошта, дар ҷараёни татбиқи стандартҳои байналмилалӣ, методологияи аудит ва таҷрибаи азхудкунии кор бо Лоиҳа мавқеи худро дорад.
Ёдовар мешавем, ки айни ҳол дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи 2 “Мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ” амалӣ шуда истодааст ва қисмати “Тақвияти аудити беруна” –и Лоиҳа аз дастгирӣ ҷиҳати тақвияти Палатаи ҳисоб ва рушди иқтидори касбии аудиторон иборат мебошад.