Ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи соли 2018

 

Санаи 10 апрели соли 2018 дар маҷлисгоҳи калони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Палата, муҳтарам Чиллазода Қ. ҷаласаи васеи ҳайати мушовара оид ба натиҷаи фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2018 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2018 бо иштироки васеи кормандон баргузор гардид.
Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Чиллазода Қ. роҷеъ ба масъалаи мазкур маърӯза карда, дар оғоз иброз доштанд, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Нақшаи кории Палата дар семоҳи сипаришуда як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд.
Дар идомаи ҷаласа ҳисоботи муовини Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимӣ З.И., оиди фаъолияти ин давраи ҳисоботӣ шунида шуд, ки зимни суханронӣ фаъолияти Палатаро дар ин давра қаноатбахш арзёбӣ кард.
Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2018 дар вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ, марказу гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо 77 санҷиши аудиторӣ гузаронида, зарари молиявиро ба маблағи 112,5 млн. сомонӣ муайян намуд. Аз ҷониби Палатаи ҳисоб ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои дар рафти санҷишҳо ошкоргардида, чораҳои мушаххас андешида шуда, ба буҷет ва ташкилоту муассисаҳо маблағи 78,7 млн.сомонӣ зарари молиявии ошкоршуда то имрӯз барқарор гардид.
Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Чиллазода Қ. аз фаъолияти кормандон бо ишора ба ислоҳи баъзе аз камбудиҳо изҳор дошт, ки моро зарур аст ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди рушди соҳаи аудити мустақили беруна ва назорати самаранок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ боз ҳам бештар талош варзем.
Дар робита ба фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.