Дар Палатаи ҳисоб оид ба баланд бардоштани маърифати оиладории занону духтарон мулоқот доир гардид.

 

Санаи 6 апрели соли равон дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо ҳайати шахсии Палата доир гардид.
Нахуст, Азимӣ З.И. муовини Раиси Палатаи ҳисоб ба сухан баромада, ташрифи муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода З.Д.-ро ба Палатаи ҳисоб хайра мақдам гуфтанд.
Мавсуф зимни баромади хеш иброз доштанд, ки Палатаи ҳисоб ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ба ин васила тарғиби сару либоси миллӣ, дастурамалҳои либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳҳои пешгирии бегонапарастии занону ҷавонон ва татбиқи босамари Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”,“Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” тадбирҳои заруриро андешида истодааст.
Сипас, Давлатзода З.Д. суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки воқеан ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чунин давру замоне, ки ҳама рӯ ба ҷаҳонишавӣ овардаанд, дифоъ аз фарҳанги миллиро вазифаи аввалиндараҷаи худ донистаанд.
Дар хотима Азимӣ З.И. қайд намуд, ки дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумораи занону духтарон дар маҷмуъ 25 нафарро ташкил медиҳад, масъалаи ба танзим даровардани ҷашну маросимҳо ва риояи тарзи либоспӯшии занону духтарон, пайваста мавриди назорат қарор дорад ва масъалаи мазкур аввалсухани ҳар машварату ҳамоишҳост.
Бидуни баргузории ҳар гуна машварату ҷаласаҳо, зани тоҷик бояд хуб дарк кунад, ки тақлидкориву зиёдаравӣ ва рӯ наовардан ба фарҳанги миллӣ, хилофи сиёсати созандаи имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурист.
Вохӯрӣ дар фазои самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда ба анҷом расид.