Эй сабза пойандоз шав, Наврӯз мемонад қадам!

Ба ифтихори бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни аҷдодӣ-Наврӯзи оламафрӯз дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид. Чорабиниро Раиси Палатаи ҳисоб Чиллазода Қ. ифтитоҳ бахшида, кормандонро ба муносибати фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз ва баҳори тозапаём самимона табрику таҳният гуфта, барояшон сарсабзию хуррамӣ, бахту иқбол ва файзу баракоти зиндагиро таманно намуд.
Наврӯз ифодаи паём аз рӯҳи тоза, нафаси гарми табиат, эҳсоси ишқу муҳаббат ба рӯзгор буда, бо нури хуршед ва насими форами баҳорӣ ба ҳар хонаю макон мавҷ мезанад ва зиндагиро беш аз беш гуворотар менамояд ва ҷашни Наврӯз аз замони пайдоишаш то имрӯз моломоли зебоиву накӯӣ буда, бузург доштани инсону табиат ва сифатҳои эҳёгарӣ ҷузъи ҷудонопазири он будааст.
Чиллазода Қ. ҳамчунин зимни ироаи паёми табрикотиаш қайд намуд, ки арҷгузорӣ ба фарҳангу арзишҳои миллӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба шумор рафта, бо баргузории чунин чорабиниҳои Наврӯзӣ, ки таърихи дирӯзу имрӯзро пайванд месозад, дар замири хурду бузург муҳаббат ба ин сарзаминро бештар менамояд.