Cад ҷону дил фидои як муддаои модар!

 

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни пуршукӯҳ «Рӯзи Модар» ва гиромидошти мақому манзалати бонувону модарон ҷаласаи ботантана баргузор гардид.
Чорабинии идонаро Раиси Палатаи ҳисоб Чиллазода Қ. ифтитоҳ бахшида, ба ифтихори ҷашни саиду фараҳбахш “Рӯзи Модар”, ки дар рӯзҳои нахустини баҳорӣ – эҳёи табиат ва фасли сабзаву гулҳои зебо таҷлил мегардад, самимона шодбош гуфта, ба ҳар яки онҳо муваффақияту комёбиҳо ва дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон пешравиҳои нав ба навро таманно намуд.
Чиллазода Қ. ҳамчунин зимни ироаи паёми табрикотиаш аз мақому манзалати зан-модар, нақши арзандаи ӯ дар тарбияи ҷомеа сухан гуфта, таъкид намуд, ки дар сафи кормандони Палатаи ҳисоб занон низ кору фаъолият менамоянд, ки бо ақлу заковат ва иродаи мустаҳками хеш дар иҷрои масъулиятҳои бар душашон вогузор гардида, бо сарбаландӣ мебароянд.
Имрӯз хизмати зан – модар дар тамоми самтҳои фаъолият назаррас аст. Мавқеи зани тоҷик дар ҳамаи корҳои давлатию ҷамъиятӣ ба таври мусбат арзёбӣ мешавад.
Дар радифи «Рӯзи модар» 18 нафар кормандзанон бо фармони Раиси Палатаи ҳисоб бо мукофотҳои пулӣ қадршиносӣ карда шуданд.