Иштироки кормандони Палатаи ҳисоб дар семинари омӯзишӣ тариқи видеоконфронс

 

Санаи 27 феврали соли равон дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ, ки тариқи видеоконфронс мустақиман баргузор гашт намояндагони мақоми олии назорати молиявии Федератсия Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Озорбойҷон, Қирғизистон, Молдова ва Тоҷикистон иштирок намуданд.
Аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Гурӯҳи корӣ оид ба тадбиқи стандартҳои назди Шӯрои роҳбарони мақоми олии назорати молиявии давлатҳои аъзои ИДМ, ёрдамчии Раис Мадаминзода Р.К., кормандони Палатаи ҳисоб Мавлонзода В.Ҳ., Қодирзода Ф.Д. ва Эмомов М.А. ширкат варзиданд.
Зимни баргузории видеоконфронс муҳокимаи тартиби таҳия намудани хулоса оиди иҷроиши буҷети давлатӣ ва таснифоти ҳолатҳои тахрибкориҳо ва вайронкуниҳо дар рафти гузаронидани санҷишҳои аудитори мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Видеоконфронс дар фазои самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.