Маҷлиси васеъ бо иштироки намояндаи Палатаи ҳисоб дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

 

Санаи 21 феврали соли 2018 дар маҷлиси машваратии назди Раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳр муҳокимаи натиҷаи санҷиши аудитории баҳодиҳӣ ба ташаккул ва иҷрои қисми даромад ва хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия дар давраи солҳои 2015-2017, ки аз ҷониби мутахассисони Раёсат оид ба истифодаи маблағҳои буҷетӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Палатаи ҳисоб ба анҷом расонида шуда буд, доир гардид.
Мутахассиси пешбар Умар Эмомзода бо намояндагӣ аз Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодот ва тавсияҳоро ба самъи иштироккунандагон расонида, диққати масъулилинро ба камбудию норасогиҳои дар рафти санҷиши аудиторӣ ошкоршуда, барқарор намудани товони зарари молиявӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ҷалб намуд.
Қайд гардид, масъулини Раёсати молия ва Нозироти андози шаҳрро зарур аст, ки барои ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷети шаҳр тамоми манбаъҳои андозбандиро аз нав бозҳисобӣ намуда, барои пурра ва дуруст муайян намудани нақшаи даромади буҷет, ҷамъоварии қарзи андозҳо ва кам намудани бақияпулиҳои андоз чораҳои иловагӣ андешида, назорати саривақтии ба буҷет ворид гардидани андозу пардохтҳои ҳатмии давлатиро таъмин намоянд.
Ҳамчунин, ба Раёсати молияи шаҳр тавсия дода шуд, ки баҳри баланд бардоштани савияи дониши муҳосибони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ семинар- машваратҳои омӯзишӣ ташкил намояд.
Ҳангоми муҳокимарониҳо, ки дар фазои қобили қабул доир шуд, оиди истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, риояи қатъии интизоми молиявию ҳисоботӣ дар ташкилоту муассисаҳои шаҳр мубодилаи афкор сурат гирифт.