Муҳокимаи пешниҳодоти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаи санҷишҳои аудиторӣ дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 1 феврали соли 2018 бо иштироки сараудитори Палатаи ҳисоб Файзализода Н. таҳти раёсати муовини аввали вазири кишоварзӣ Нозанинзода Н. ва кормандони масъул таъмини иҷрои пешниҳодот ва тавсияҳо вобаста ба муҳокимаи натиҷаи санҷиши аудитории Вазорати кишоварзӣ ва сохторҳои тобеи он дар давраи солҳои 2015-2017 баррасӣ гардид.
Сараудитори Палатаи ҳисоб Файзализода Н. зимни суханронӣ, иброз дошт, ки дар асоси нақшаи корӣ, санҷиши аудиторӣ дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он дар давраи солҳои 2015-2017 гузаронида шуда, як қатор камбудӣ ва норасоиҳои молиявӣ муайян гардид, ки ба рушди соҳа таъсири манфии худро расонидааст.
Инчунин, қайд гардид, ки масъулони вазорат ҷиҳати истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, Барномаҳои давлатии соҳавӣ риояи қатъии интизоми молиявӣ ва пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар дастгоҳи Вазорат назорати дохилиидоравиро пурзӯр намоянд.
 Муҳокимаронии пешниҳодот аз натиҷаи санҷишҳои аудитории вазорат ва сохторҳои тобеи он  дар фазои самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда гузашта, оиди бартараф намудани камбудиҳои молиявӣ қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.