Соҳибэҳтиром

 

1 феврали соли равон дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ба нафақа гусел намудани сараудитори Палатаи ҳисоб Муминов Қосим Ҳафизович ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
Нахуст, муовини Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимӣ З.И. ба самъи иштирокчиёни ҷаласа фармони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуровро аз 31 январи соли равон оид бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоб озод намудани Муминов Қосимҷон Ҳафизовичро ироа намуда, Қосим Ҳафизовичро ба ин муносибат аз номи роҳбарият ва кормандон сидқан табрику таҳният гуфта, ба эшон пеш аз ҳама сиҳатмандию шодкомӣ, сарбаландиву хонаободӣ, камоли умру баракати фарзандону наберагон, беҳтарин хушиҳои зиндагӣ ва давлати пирӣ таманно намуд.
Мавсуф зимни баромади хеш иброз дошт, ки бо ифтихор ва сарбаландӣ, имрӯз ҳайати Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кормандони собиқадор ва пуртаҷрибаи худ Муминов Қосим Ҳафизович, ки ба синни мубораки нафақа расидаанд гусел менамояд.
Саҳми эшон дар густариши фаъолияти мақоми олии назорати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле назаррас мебошад. Зеро аз лаҳзаи аввали таъсисёбии Палатаи ҳисоб то замон Қосим Ҳафизович тамоми саъю кӯшиш, донишу малака ва таҷрибаи бойи худро баҳри рушди ин соҳаи басо муҳим равона кардааст.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва ҳайати кормандони Палатаи ҳисоб Муминов Қ.Ҳ- ро барои фаъолияти шоиста ва бенуқсони худ баҳри хизмат ба халқу Ватан таҳният гуфта, дар фазои тантанавӣ Ифтихорнома супориданд.
Ҳангоми гусел ба нафақа он суханоне, ки аз ҷониби ҳампешагонаш нисбати кору фаъолияти эшон гуфта шуд, далели обрӯ ва нақши мавсуф дар байни кормандон аст. Таҷриба ва малакаи касбии чунин кормандони собиқадор ба монанди Муминов Қ.Ҳ. барои кормандони ҷавони мақоми олии назорати молиявӣ мояи ибрат ва ифтихор аст.
Муминов Қ.Ҳ. дар навбати худ, зимни суҳбат ба Роҳбарият ва аҳли кормандон изҳори сипос намуд ва афзуд, ки ҳамаи дастоварду комёбиҳое, ки тули солҳои фаъолияташ ба даст овард, маҳз натиҷаи дастгириҳои кормандон мебошад.