Санаи 5 октябри соли 2017 дар Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардид.

 

Ҷаласаро Хамрализода Ф.М. Раиси Палатаи ҳисоб ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати Иди забони модарӣ табрик намуданд. Зимни суханронӣ аз ҷумла иброз намуданд, ки Забон муҳимтарин моя, омили бақо ва гавҳари ҳастии миллат аст.
Дар даврони истиқлолият забони модарии мо ба куллӣ симои худро дигаргун намуда, ба забони тавонои расмиву давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфт. Он дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Ба ин хотир, ҳифз ва рушди пайвастаи он як самти муҳими фаъолияти давлат аст. Бо шарофати сиёсати созандаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар оид ба гиромидошти забони тоҷикӣ ва татбиқи Қонуни забон давра ба давра асноду дастурҳои муҳим қабул гардида, 5 октябри соли 2009 Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди амал қарор дода шуд. Натиҷаи ҳамин саъю талошҳо буд, ки имрўз забони тоҷикӣ дар ҷомеа мавқеи мустаҳкам пайдо намуда, ба забони илм ва муоширати байни миллатҳои Тоҷикистон мубадал гардидааст.
Дар идомаи ҷаласа ҳисоботи Роҳбари дастгоҳи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбарони воҳидҳои сохторӣ оиди фаъолияти нуҳмоҳаи соли 2017, шунида шуд.
Дар ҷаласа қайд гардид, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи нақшаи кории Палатаи ҳисоб як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд. Ҷиҳати амалигардонии таъмини методологӣ, ҷорӣ намудани усулҳои таҳия ва коркарди методологияи аудити беруна 4 (чаҳор) адад Стандартҳои Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба стандартҳои байналмиллалии аудит СПҲ-100 Дастурамал оид ба асосҳои таъмини методологии фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, СПҲ-101 Луғатномаи мухтасари истилоҳоти соҳаи аудит, ҳисобдорӣ ва молия, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва фаъолити аудитории Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, СПҲ-104 Дастурамал оид ба гузаронидани аудити молиявӣ ва СПҲ 401 Дастурамал оид ба ташкили чорабиниҳои назоратии якҷоя ва дар як вақт доиршавандаи (параллелӣ) Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти олии назорати молиявии давлатҳои хориҷӣ таҳия ва қабул гардида, мавриди амал қарор гирифт.
Ҳамчунин Ёддошти тафоҳум байни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати аудитори миллии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкории фаъолияти аудиторӣ дар бахши давлатӣ ба имзо расонида шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ 272 санҷиши аудиторӣ гузаронида зарари молиявӣ ба маблағи 94,2 млн. сомонӣ ошкор гардид ва ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ ба вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳои санҷидашуда тавсияҳо ирсол карда шудааст. 
Вобаста ба масъалаҳои зикргардида қарорҳои дахлдори ҳайати мушовара қабул гардиданд.