Вохӯрии Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати навбатии коршиносони Бонки умумиҷаҳонӣ

 

4 октябри соли ҷорӣ дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раис Ҳамрализода Ф.М. бо ҳайати коршиносони Бонки умумиҷаҳонӣ баргузор гардид, ки ҳадаф аз ин вохӯрӣ баҳодиҳии натиҷаҳои татбиқи Бахши таҳкими аудити берунаи Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии низоми молиявӣ мебошад.
Дар мулоқот натиҷаҳои корҳои то ин замон дар доираи Лоиҳаи мазкур иҷрошуда, амалӣ намудани хизматрасониҳои байналмилалии машваратӣ ва нақшаҳои фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми олии назорати молиявӣ баррасӣ гардид.
Ҳамзамон зимни суҳбат масоили мубрами муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаҳои мушаххас баррасӣ шуданд.