Ҷаласаи навбатии Гуруҳи корӣ оиди татбиқ ва амалигардонии стандартҳои байналмилалӣ ва миллии аудит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Ҷаласаи навбатии Гуруҳи корӣ оиди татбиқ ва амалигардонии стандартҳои байналмилалӣ ва миллии аудит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар шароити рушди иқтисодии Тоҷикистон Нақши Палатаи Ҳисоботи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назорат кардани истифодаи маблағҳои буҷетӣ ва устувории молиявии давлатӣ муҳим мебошад. Системаи стандарти аудитории Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии аудит мебошанд , воситаи муфидест барои мусоидат намудан ба бунёди системаи назорати молиявии шаффофу устувор. 
Санаи 18 сентябри соли равон дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гуруҳи корӣ оиди татбиқ ва амалигардонии стандартҳои байналмилалӣ ва миллии аудит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур лоиҳаҳои СПҲ-401 Дастурамал оид ба ташкили чорабиниҳои назоратии якҷоя ва дар як вақт доиршавандаи (параллелӣ) Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маќомоти назорати давлатии молиявии давлатҳои хориҷӣ ва СПҲ-105 Дастурамал оид ба гузаронидани аудити самаранокии истифодабарии воситаҳои давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки бо Фармоиши Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2017 Гуруҳи корӣ оиди татбиқ ва амалигардонии стандартҳои байналмилалӣ ва миллии аудит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки ба таҳия ва коркарди стандартҳои байналмилалӣ ва миллии аудит машғул мебошанд. Ҷиҳати амалигардонии таъмини методологӣ, ҷорӣ намудани усулҳои таҳия ва коркарди методологияи аудити беруна аз ҷониби Гуруҳи корӣ 3 (се) адад Стандартҳои Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул гардид.