Ҳамаҷо тантанаи Истиқлол

 

8-уми сентябри соли равон дар толори Палатаи ҳисоб ба ифтихори таҷлили 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Ҳамрализода Ф.М. Раиси Палатаи ҳисоб дар ин чорабинӣ бо нутқи табрикотӣ баромад карда, ҳамаи кормандонро ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллиамон 26 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Қайд гардид, ки маҳз бо шарофати сиёсати некбинона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азиз дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодиёти миллӣ ноил гардид. Дар натиҷаи амалӣ гардонидани тадбирҳо ҷиҳати тезонидани рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ дар давраи истиқлолияти давлатӣ рушди назарраси нишондиҳандаҳои асосии иқтисодию молиявӣ мушоҳида карда мешавад. Амалӣ намудани ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ боиси аз 81 фоизи соли 1999 то 30 фоиз дар соли 2016 паст гардидани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар шудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ гардид.
Мавсуф қайд намуд, ки Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории халқи сарбаланду мутамаддини мо мебошад. Дар даврони Истиқлолият бо фаъолияти пурсамари Ҳукумати кишвар як қатор мушкилоту монеаҳои мавҷуда бартараф гардида, корҳои азими бунёдкориву созандагӣ ҷиҳати расидан ба се ҳадафи стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсиони баровардани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ анҷом дода шуд.
Раиси Палатаи ҳисоб зимни баромади хеш зикр намуданд, ки маҳз истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем.
Истиқлолият беҳтарин арзишест, ки ҳастии ҳар халқу миллатро ифода намуда, орзуву омоли ватандориро дар худ таҷассум мекунад. Саҳифаҳои таърих гувоҳ аст, ки Истиқлолият ҳар давлатро ба осонӣ муяссар намегардад. Ватани азизи мо Тоҷикистон низ то расидан ба соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ монеаву мушкилиҳои зиёдеро паси сар кард, вале хиради азалии тоҷикона ва ақлу иродаи созандаи фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис шуд, ки дар Тоҷикистон ваҳдату ягонагӣ, тинҷиву оромӣ ва ҳамдиливу хушбахтӣ оқибат тантана кунад, – зикр намуд Аҳмадзода Ф.З. зимни суханрониаш.
Истиқлолият дар баробари ин, ки омолу орзуи деринаи халқи мост, инчунин лаҳзаи андеша ва таҳлили масъулияти ҳар фарди сарзамини аҷдодӣ барои расидан ба қадри гузашта ва кору фаъолияти созанда барои имрӯзу ояндаи Ватани маҳбубамон мебошад. Бояд қайд намоям, ки мардуми шариф ва сарбаланди Тоҷикистон дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ, беҳдошт ва некуаҳволии сокинони кишвар, таҳкими истиқлолият ва таъмини суботу оромӣ дар минтақа бо азму талоши қатъӣ ва меҳнати софдилона ба фардои дурахшон қадамҳои устувор мениҳанд.
Бигузор нуру зиёи истиқлолият то абад роҳи Тоҷикистони азизамонро ба суи ояндаи обод равшан созад ва Тоҷикистони маҳбуби мо зери парчами истиқлол пеш равад, ободу зебо ва мутараққиву неруманд гардад
Дар хотима Ҳамрализода Ф.М. бо изҳори чунин умедҳои нек бори дигар кулли кормандонро ба ифтихори бистушашумин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, барояшон хонаи обод, иқболи нек ва ба корҳояшон муваффақиятҳо таманно намуд.