Иштироки ҳайати Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯрии 17-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти олии назоратии молиявии давлатҳои узви ИДМ.

 

Санаи 5-6 сентябри соли равон дар ш.Боку, Ҷумҳурии Озарбойҷон нишасти 17-уми Шӯрои Роҳбарони мақомотҳои олии назорати молиявии давлатҳои узви ИДМ доир гардид, ки Азимӣ Заъфар Исмоил муовини Раис ва Назаралӣ Файзализода сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Дар ҷаласаи мазкур мавзӯи «Муҳимияти нишондиҳандаҳои босифат дар амалияи арзёбии самаранокии фаъолияти мақомоти олии назорати молиявӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Тибқи рӯзномаи ҷаласа сарони Шӯрои роҳбарони МОНМ давлатҳои аъзои ИДМ дар мавзӯи зикргардида суханронӣ намуданд. Дар ҷараёни ҷаласа ҳисоботхо оид ба фаъолияти Нишондиҳандаҳои асосии миллии Шӯрои мазкур, фаъолияти Гурӯҳи корӣ оиди коркарди стандартҳои назорати давлатии молиявии давлатҳои аъзои ИДМ, оид ба фаъолияти Котиботи Шӯро мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷараёни иҷлосия ҷонибҳо як қатор қарорҳо ва изҳоротҳои муштараки Иҷлосияи XVII-ро қабул намуданд ва Нақшаи кории вохӯрии XVIII- Шӯрои роҳбарони МОНМ давлатҳои аъзои ИДМ – ро, ки моҳи сентябри соли 2018 дар ш. Москва Федератсияи Россия баргузор мегардад тасдиқ намуданд.