Сарфаи оқилона асоси ғанигардонии буҷаи оила мебошад.

 Санаи 2 сентябри соли равон дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шарҳи тағйиру иловаҳои воридгардида ба як зумра қонунҳое, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ ва аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расиданд, ҷамъомад доир гардид.
Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Ф.М. ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бо назардошти пешниҳоди сершумори аҳолии мамлакат амри зарурӣ ва саривақтӣ арзёбӣ кард. Дар даҳ соли амалкарди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳамагон аён гардид, ки он ба камхарҷ шудани ҷашну маросимҳо ва барои пасандоз гузоштан дар бонкҳо замина фароҳам овард. Таҷриба нишон дод, ки воқеан қабули қонун барои миллат ва ҷомеаи Тоҷикистон аҳамияти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ дорад. Рисолати мо кормандони Палатаи ҳисоб, ҳамчун хизматчии давлатӣ дар тарғибу ташвиқ ва риояи он иборат мебошад, ки дар ин ҷода намунаи ибрат бошем.

Сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинов З.Ш. зимни шарҳи қонуни мазкур иброз дошт, ки ин қонун дар муқовимат бо зуҳуроти фарҳанги бегона, ҳифзи анъанаву расму оин ва арзишҳои миллӣ замина гузошта, халқро аз зери бори гарони сарфу хароҷоти миёншикан, маросимҳои ғайридиниву мазҳабӣ, тӯйҳои намоишкорона, тақлиду хурофот ва бегонапарастӣ наҷот дода истодааст. Аз ин рӯ ба тамоми кормандон даъват ба амал овард, дар амри таблиғу ташвиқ ва амалӣ гардонидани муқаррароти он ташаббус ва фаъолнокӣ нишон диҳанд.