Ба истифода додани иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ дар маҳаллаи 11, кӯчаи Шерализодаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.

 

19 августи соли ҷорӣ Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2017 эълон шудани “Соли ҷавонон” дар маҳаллаи 11, кӯчаи Шерализода, назди биноҳои истиқоматии 14 ва 16-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ ба тариқи дастаҷамъона ва ҳашар дар масоҳати умумии 3675 метри мураббаъ сохта омода намуд, ки бо шароити мусоид барои истироҳату фароғат ба сокинони маҳалла ва варзишу бозии кӯдакон таъмин гаштааст.
Иншооти мазкур аз майдонча барои бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол, инчунин майдончаи бозию дилхушии кӯдакон, нишасткурсиҳо барои истироҳату фароғати сокинон ва барои баргузории чорабиниҳои гуногун, ки бо низоми равшанидиҳӣ муҷаҳҳаз гардидааст, иборат мебошад. Ҳамчунин дар атрофи иншоот корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ иҷро карда шудааст.
Бо бунёди иншооти мазкур дар ин маҳалла барои истироҳату фароғати сокинон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.