МОНМ давлатҳои ИДМ

 Мақомоти олии назорати молиявии аъзоёни

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

 Шӯрои Роҳбарони мақомотҳои олии назорати молиявии аъзоёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2000 бо ташаббуси Палатаи ҳисоби Федератсияи Россия таъсис дода шудааст. Айни ҳол Роҳбарони мақомотҳои олии назорати молиявии Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон ва Украина аъзо мебошанд.

Вазифаҳои асосии Шӯро ҳамоҳангсозии фаъолияти Мақомотҳои олии назорати молиявии аъзоёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бо назардошти хусусиятҳои геополитикии минтақа ба мақсади мусоидат дар доираи ваколатҳои конститутсионии худ, ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои ИДМ ва таҳкими ҳамкории иқтисодии онҳо, мубодилаи судманд ва муфассали афкор ҳамчун форуми ҳамфикр ба хотири мустаҳкам намудан он мебошад.

Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, дар якҷоягӣ муайян намудани масъалаҳои муҳими Мақомотҳои олии назорати молиявии  дорои хусусияти минтақавӣ, мубодилаи тарафайни ақидаҳо, таҷриба ва иттилоот, назорати дуҷониба ва бисёрҷониба ва ҳамзамон чораҳои таҳлилӣ, мусоидат ба омӯзиш ва малакаҳои инкишофи касбӣ ба ҳисоб мераванд. Дар айни замон Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Молдова Урекян С.А. Раиси Шӯрои Роҳбарони Мақомотҳои олии назорати молиявии аъзоёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.

Дар доираи Шӯро гурӯҳи корӣ оид ба рушди стандартҳои мақомоти олии назорати молиявии аъзоёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва гурӯҳи экспертӣ оид ба нишондиҳандаҳои асосии миллии ташкил карда шудааст.

Ҳамзамон дар як сол чанд маротиба видеоконфронсҳо ба воситаи интернет баргузор гардида, дар рафти он масъалаҳои муҳими нишондиҳандаҳои асосии миллӣ ва стандартҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд ва қарорҳои дахлдор қабул карда мешаванд.