ИНТОСАИ

 

(ИНТОСАИ – Ташкилоти байналмилалии

Мақомотҳои олии назорати молиявӣ)

          Ташкилоти байналмилалии INTOSAI, ки Мақомотҳои олии назорати молиявии давлатҳои Созмони Милали Муттаҳидро ба ҳам пайваст менамояд, дар соли 1953 таъсис дода шудааст ва айни замон 194 Мақомотҳои олии назорати молиявӣ аъзоёни комилҳуқуқи  ин ташкилот  мебошанд.

         INTOSAI ташкилоти байналмилалии худмухтор, мустакил, ғайрисиёсӣ, ва ғайридавлатӣ буда, ҳамчун ташкилоти доимамалкунанда барои мубодилаи донишу малака ва таҷриба дар соҳаи аудити беруна миёни Мақомотҳои олии назорати молиявӣ дар саросари ҷаҳон фаъолият менамояд. Ташкилоти байналмилалии зикргардида дорои мақоми машваратӣ дар Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид мебошад, ки зери шиори  INTOSAI “MUTUAL EXPERIENCE BENEFITS ALL” (таҷрибаи мутақобила ба ҳама манфиатовар мебошад) фаъолияташро ба пеш мебарад. Дафтари кории INTOSAI дар шахри Вена, дар ҳудуди  Мақомоти олии назорати молиявии Австрия ҷойгир мебошад. Забонҳои кории расмии ташкилот, забони англисӣ, арабӣ, испанӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ мебошад.

         Мақсади асосии INTOSAI – ин таъмин намудани аудиторони аъзоёни ин ташкилот, бо мубодилаи иттилооти мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, маълумот оиди рушди муосир дар фаъолияти аудиторӣ, истифодаи стандартҳои касбӣ ва методология ба ҳисоб меравад. INTOSAI ба такмили идоракунии давлатӣ тавассути мусоидат ба Мақомотҳои олии назорати молиявӣ, барои кӯмак расонидан ҷиҳати беҳтар намудани амалиёти онҳо, баланд бардоштани шаффофият дар аудити бахши давлатӣ, таъмини масъулият, мубориза бо коррупсия, бо истифодаи самараноки захираҳои давлатӣ ба манфиати шаҳрвандон амал менамояд.

          Дар сохтори INTOSAI ҳафт ташкилоти минтақавии Мақомотҳои олии назорати молиявӣ вуҷуд доранд, ҳадафҳои ташкилотро дар сатҳи минтақавӣ пеш мебаранд:

 · OLACEFS - ташкилоти МОНМ давлатҳои Амрикои лотинӣ, соли 1965 таъсис дода шудааст;

· AFROSAI - ташкилоти МОНМ давлатҳои Африқо, соли 1976 таъсис дода шудааст;

· ARABOSAI - ташкилоти МОНМ давлатҳои Араб, соли 1976 таъсис дода шудааст;

· ASOSAI - ташкилоти МОНМ давлатҳои Осиё, соли 1978 таъсис дода шудааст;

· РАSSAI - ташкилоти МОНМ давлатҳои Ҷанубӣ ва Уқёнуси Ором, соли 1987 таъсис дода шудааст;

· CAROSAI - ташкилоти МОНМ давлатҳои Ҷазираҳои Карибӣ, соли 1988 таъсис дода шудааст;

· EUROSAI - ташкилоти МОНМ давлатҳои Аврупо, соли 1990 таъсис дода шудааст;

Аъзои роҳбарикунандаи INTOSAI, Конгресс, Кумитаи роҳбарикунанда ва Котибот мебошанд.

Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 64-уми Шӯрои Роҳбарон моҳи октябри соли 2013, дар шаҳри Пекин, Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчун аъзои комилҳуқуқи Ташкилоти байналмилалии Мақомотҳои олии назорати молиявии INTOSAI, пазируфта шудааст.