ЭКОСАИ

 

ECOSAI

(ЭКОСАИ – Ташкилоти байналмилалии иқтисодии

Мақомотҳои олии назорати молиявӣ)

 

Ташкилоти байналмилалии иқтисодии ECOSAI форуми минтақавӣ барои Мақомотҳои олии назорати молиявии кишварҳои Ҷанубӣ ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Ташкилоти зикргардида, дар соли 1994 таъсис ёфтааст ва ҳадафи он мусоидат ба фаъолияти аудити давлатӣ дар кишварҳои аъзо ба воситаи табодули афкор, таҷриба ва гузаронидани семинар, конфронс ва курсҳои бозомӯзӣ мебошад. Айни замон ECOSAI аз 10 Мақомотҳои олии назорати молиявии кишварҳои аъзо  иборат аст.

Сохтори ECOSAI:

1. Ассамблея мақоме мебошад, ки сиёсати ташкилоти ECOSAI-ро муайян менамояд ва аз роҳбарони Мақомотҳои олии назорати молиявӣ иборат мебошад. Ҷаласаи Ассамблеяи дар се сол як маротиба баргузор мегардад. Дар Ҷаласаи Ассамблея Президенти ташкилот роҳбари мекунад ва қарорҳои он бо овоздиҳии аъзоён қабул карда мешаванд. Ҳар як  Мақомоти олии назорати молиявии аъзои ташкилот ҳуқуқи як овоз дорад.

2. Идоракунии Шӯро аз 5 аъзо иборат мебошад:

1) Президенти Шӯро, сардори Мақомоти олии назорати молиявие, ки ҷаласаи навбатии Ассамблея ба нақша гирифта шудааст;

2) Котиботи ECOSAI;

3) Се аъзо, ки аз тарафи Ассамблея ба мӯҳлати се сол интихоб карда мешаванд.        

         Вохӯрии Шӯрои роҳбарон дар як сол як маротиба пешбинӣ шудааст ва на кам аз 3 аъзо бояд дар ҷаласа иштирок намоянд. Шӯрои роҳбарон бояд қарорҳоро бо тарафдории аксарияти шумораи аъзоён ба таври овоздиҳӣ қабул кунад. Айни замон роҳбарии ECOSAI аз намояндагони Мақомотҳои олии назорати молиявии зерин иборат аст:

· Ҷумҳурии Исломии Эрон

· Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

· Ҷумҳурии Исломии Покистон

· Ҷумҳурии Қирғизистон

· Ҷумҳурии Туркия

         Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 18-уми Шӯрои Роҳбарони Мақомоти олии назорати молиявӣ моҳи декабри соли 2013, дар Теҳрон, Ҷумҳурии Исломии Эрон аъзои Ташкилоти байналмилалии иқтисодии Мақомоти олии назорати молиявии ECOSAI шудааст.