Лоиҳаи таҳкими аудити беруна

Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани  самараноки назорат ва тақвияти он ислохоти низоми назорати молияи давлатиро оғоз намуда, ҷиҳати таъсиси низоми аудити мустақили беруна тадбирҳои боз хам судманд андешида истодааст.

           Яке аз ҳуҷҷатҳои заминави, ки ҳанӯз аз соли 2007 таҳкими системаи назорати давлатии молиявиро тавассути ҷорӣ намудани низоми аудити мустақили беруна пешбинӣ намудааст, Стратегияи истеҳсолоти системаи идоракунии давлатӣ ба хисоб меравад, ки он барои такмили самарабахши идоракуниии молияи давлатӣ нигаронида шуда буд

Дар баробари ин Стратегия ва Нақшаи тадбирҳо оид ба таъсиси мақоми нави аудити мустақили беруна дар Ҷумхурии Тоҷикистон  таъсиси макоми мустакили аудити берунаро дар Ҷумхурии Тоҷикистон  дарҷ намуда буд, ки ин мақом метавонад дар таъмини идоракунии молияи давлатӣ, аз ҷумла дар ҷамъоварии андоз, харҷи маблағхои буҷетӣ, уҳдадориҳои молиявӣ ва кафолатҳо, инчунин идоракунии молияи давлатӣ на танҳо аз нигоҳи мутобиқат ба талаботи саҳеҳӣ ва қонуният, инчунин ба натиҷабахшӣ ва самарабахшӣ  низ мусоидат намояд.

Илова ба ин, дар Нақшаи чорабиниҳо барои татбиқи Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ барои солҳои 2015-2018 таҳкими аудити беруна ба нақша гирифта шуда,корҳо дар ин самт идома доранд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар аксари давлатҳо ва дар кишвари  щарикони рушди Тоҷикистон, чунин мақомотхо таҳти унвони “Мақоми олии назорати молиявӣ” мавҷуд аст, ки дар якҷоягӣ бо Ҳукумат дар шохаҳои ҳокимияти қонунгузорӣ истифодаи амволи давлатӣ ва захираҳои молиявиро ба манфиати миллӣ ва харчи бештар барои ҷомеа таъмин менамояд.

 Дар ин замина соли 2011 Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи хисоби Ҷумхурии Тоҷикистон  ” қабул гардида, соли 2012 мақоми олии назорати молиявии Ҷумхурии Тоҷикистон  Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Ҳадаф аз таъсиси низоми аудити беруна, ҷорӣ намудани таҷриба ва услуби хоси ҳамкории Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон  бо сохторҳои давлатии назоратӣ мебошад, ки ба принсипҳои мухолифат ва зиддият, ки аслан то давраи истиқлолият хоси назорати молиявӣ буд, балки ба принсипҳои муоширати конструктивӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ асос ефтааст.

Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон аз таъсисёбӣ дар таҳияи санаду меъёрхои ҳуқуқӣ, дастурамалҳо, низомномаҳо, Кодекси рафтори кормандони Палата ба дастовардҳои муайяне ноил гардидааст. Илова ба ин, Палата моҳи ноябри соли 2013 расман ба Созмони байналмилалии мақомоти олии назорати молиявӣ (INTOSAI) шомил гардид.

Рушди низоми аудити беруна дар Тоҷикистон бо назардошти ҳадафхои миллии рушди кишвар, амалӣ намудани нақшаҳои дарозмуддатро талаб менамояд. Афзалиятхои аввалиндараҷаи барои Палата такмили заминаи ҳуқуқӣ, таҳия ва ҷорӣ намудани методологияҳои аудити молиявӣ, мутобиқат ва самаранокӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии аудит ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсиониро талаб менамояд.

Оғоз аз мохи феврали соли 2016 ҷиҳати иҷрои Стратегияи ислоҳоти системаи идоракунии давлатӣ ва Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон бо маблағгузории Ассосиатсияи байналмилалии рушд (Бонки Умумиҷаҳонӣ) ва Департаменти Британияи Кабир оид ба рушди байналмилали, Лоиҳаи дуюми давлатии сармоягузорӣ  «Оид ба мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон» амалӣ шуда истодааст.

Мақсади аввалиндараҷаи Лоиҳа устувор намудани ҷараёни банақшагирии стратегӣ, автоматонидани гардиши хуҷҷатхои электронии байниидоравӣ ва ҷараёни идоракунии нерӯи инсонӣ, рушди Системаи иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ ва устувор кардани Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон  мебошад.

Бо мақсади таъмини самаранокии фаъолияти Лоиҳа бо фармони Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 13 сентябри соли 2016 таҳти №754 Кумитаи ҳамҳангсози Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки Муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон  ба он шомил мебошад.

Лоиҳа аз башҳои «Мукаммалгардонии идоракунии давлатӣ» , «Беҳтар намудани хариди давлатӣ», «Таҳкими аудити беруна»,  «Ислоҳоти идоракунии давлатӣ» ва «Идоракунии гуруҳи татбиқи Лоиҳа» иборат мебошад.

Бахши «Таҳкими аудити беруна» аз ҷониби Палатаи ҳисоб татбиқ гардида, дар он таҳия ва ҷорӣ намудани усулҳои нави аудити молиявӣ, аудити мутобиқат ва самаранокӣ, мутобиқгардонии заминаи меъёрии ҳуқуқии Палатаи ҳисоб ба ҳайси узви комилҳуқуқи Созмони бонуфузи байналмилалии (INTOSAI), рушди тахассусии аудиторони касбӣ ва дар ин замина ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ  ва технологияҳои иттилоотии муосир пешбинӣ гардидааст ва айни замон чунин корҳо иҷро гардидаанд :

 

  • Дар назди Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон таъсис додани гуруҳи кории техникӣ оид ба татбиқи бахши сеюми Лоиҳаи мукаммалгардонии идоракуии молияи давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон  «Устувор кардани аудити беруна» (Фармони Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон аз 22 сентябри соли 2016 №107);
  • Таҳия ва тасдиқи Нақшаи амалишавии бахши сеюми Лоиҳа;
  • Ташкили сафари омӯзишии кормандони Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон ба мақомоти олии назорати молиявии Ҷумхурии Латвия;
  • Таҳияи вазифаҳои техникӣ барои интихоби Ширкати машваратии байналмилали барои рушди Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон 

 Ҳамчунин, ҷихати иҷрои Фармони Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон соли аз 13 сентябри соли 2016 таҳти №754 «Дар бораи Кумитаи ҳамохангсозии Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идораи молияи давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон» дар назди Палатаи ҳисоби чумхурии точикистон бо Фармоиши Палатаи хисоб аз 22 сентябри соли 2016 тахти № 107 «Гурухи кори техникї» таъсис гардида, Ҳайати он аз сараудитори Палатаи ҳисоб, ёрдамчии Раиси Палатаи ҳисоб,муовини сардори раёсати стандартҳо , таҳлил, рушд ва робитаҳои байналмилалӣ ва Шӯъбаи ҳуқуқ иборат мебошад.